ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданЧунин дастур ҳам вуҷуд надошт, ки мардонро дастгир намуда, ришашонро тарошанд ва ё ҳиҷоби занҳоро барандозанд. Масъалаи дигар дар мавриди муассисаҳои расмӣ аст, ки дар он ҷо бояд ягон меъёр, қоидаи пўшидани либос, тозагии шахсӣ (гигиена) мавҷуд бошад.
Бинобар ин ман ҷонибдори он ҳастам, ки принсипҳои дунявият риоя гарданд. Он тарафаш чуноне гуфтем, ихтиёри ҳар кас аст.
- Бори дигар ба суоли мавҷудияти ҳизби динӣ баргаштан мехоҳам. Дар ин маврид ман ҳамин хел фаҳмидам, ки ба ҳар сурат бояд ба Конститутсияи мамлакат тағйирот ворид бояд кард?
- Дар тўли 18 соли охир ҳизби динӣ дар саҳнаи сиёсии кишвари мо расман амал карда, асосан ба ривоятбофӣ ва сиёсисозии дин машғул гардид, ки ба асосҳои конститутсионии ҳаёти сиёсии кишвар мувофиқат намекард. Аз рўи адолат аст агар бигўем, ки пешниҳод дар бораи бастани ҲНИТ дар давоми чанд соли охир аз ҷониби баъзе аъзои фаъоли ҳамин ҳизб ба миён омада буд.
Ман фикр мекунам, ки ҳазф намудани масъалаи таъсиси аҳзоб дар заминаи динӣ ва атеистӣ аз моддаи 28 бояд тариқи раъйпурсӣ ҳал карда шавад. Зеро ки дар ин ҷо зиддият ҳам ҳаст. Он вақт, албатта ин натиҷаи муросо буд, ки барои нуқта гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ анҷом дода шуда буд. Аммо ҳизби исломӣ, ки бо моҷаро иртибот дошт, дар ниҳояти кор боз рў ба кўшиши табаддулоти ҳарбӣ овард. Вақте онҳо дарк намуданд, ки мардум ғояи бунёди низоми исломиро дастгирӣ намекунад, ба воситаи тарсондану террор ба ҳадафҳои худ ноил гаштан хостанд.
Ин ҳолат на танҳо дар ҷумҳурии мо ба амал омад, балки дар бисёр кишварҳои исломӣ низ сурат гирифта истодааст.
Бинобар ин барои худҳифозатӣ беҳтар аст, ки исломро сиёсӣ накунем. То ки бозингарони беруна аз он истифода набаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё