ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданКўшиши табаддулоти ҳарбӣ дар сатҳи муовини вазири мудофиа ба фикри ман ин дархости доираҳои муайян дар хориҷи кишвар буд. Зеро ки ин шахс дар вазифаҳои баланд кор мекард, камбағал ҳам набуд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки барои чӣ ба ин кор иқдом намуд?
Табиист, ки касе маблағ мепардозад, мусиқиро ҳам фармоиш медиҳад. Ҳамин тариқ ў низ супориш иҷро мекард ва дар ҳавои оҳанги дигарон мерақсид.
- Шумо гуфтед, ки агар Саид Абдуллои Нурӣ мебуд, ҲНИТ дар чунин вазъият намеафтод. Барои чӣ? Оё шумо бо эшон шинос будед?
- Ман бо ин кас шахсан шинос набудам. Бори аввал дар бораи ў аз тариқи мақолаи рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» маълумот гирифта будам. Ин соли 1987 буд, ки он вақт ман баъди бозгашт аз Афғонистон барои кор ба сифати журналист ба ин нашрия омада будам. Ёд дорам ҳамон вақт ба идораи рўзнома чанд нафар ҷонибдорони Нурӣ зада даромада, таҳдид намуданд, ки муаллифи мақоларо ҷазо доданианд. Ҳамон вақт ман фаҳмидам, ки ин одам пешвои созмони ғайрирасмии динӣ ва сабтиномнашуда мебошад. Нафарони ба ғазабомада тарафдорони ў буданд ва яқин буд, ки ҳеҷ гуна интиқодро ба унвони пешвои рўҳонии худ қабул надоранд. Шиносоии ман бо ин одам ҳамин тариқ сурат гирифта буд.
Ба андешаи ман бисёр корҳо ба пешвои сиёсӣ робита дорад. Агар Нурӣ зинда мебуд, имрўз ҳизби исломӣ ба чунин ҳол гирифтор намешуд, аз ҷониби роҳбарияти ҳизб хиёнат сурат намегирифт, онҳо ба тавтеаи ҳоҷӣ Ҳалим гирифтор намешуданд. Дар ин маврид Нурӣ сазовори эҳтиром аст. - Аммо ба наздикӣ Маркази исломшиносӣ масъалаеро бардошт, ки дар гуфтаҳои Нурӣ ғояҳои ифротӣ мавҷуд будаанд. Барои чӣ ин масъала имрўз бардошта шуду панҷ сол ё даҳ сол пеш не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё