ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Марҳум Нурӣ дар оғози фаъолияти сиёсии худ, ки ба даврони рушди сохти коммунистӣ рост меомад, дар мавриди низоми давлатдорӣ дар сар андешаҳои радикалӣ дошт. Истисно нест, ки дар гуфтаҳои ҳамон даврааш ғояҳои ифротӣ низ вуҷуд дошт. Аммо баъди ворид шудан ба равандҳои сиёсии минтақавӣ ақидаҳояш тағйир ёфтанд ва ў ба иштибоҳҳояш қоил шуда, ба вазъият баҳои воқеӣ дод.
Таърих собит намудааст, ки ба фаъолияти ягон нафар баҳо додан танҳо баъди гузашти вақти муайян имконпазир аст.
Маркази исломшиносӣ низ ҳақ дорад, ки ҳамчун мақоми босалоҳияти давлатӣ таҳлили худро анҷом диҳад ва натиҷаи онро ба муҳокимаи ҷомеа манзур намояд. - Имрўз мегўянд, ки ҲНИТ ва Назарзода дар давоми панҷ соли охир нақша доштанд, ки табаддулоти давлатӣ намоянд.
Барои чӣ дар бораи ин нақша дар тўли панҷ сол чизе маълум набуд ва якбора дар чанд шабонарўз ҳамааш аён шуд? - Раванди демократисозии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ барои ташаккул ва рушди ҳизбу ҳаракату созмонҳои мухталиф шароити мусоиде эҷод намуд. Ва табиист, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, ки дар ин ё он муассисаи давлатӣ кор мекунанд, ҳамзамон узви ташкилотҳои номбурда ҳастанд. Ба ибораи дигар дар байни кормандони муассисаҳои давлатӣ афроде низ ҳастанд, ки бо ин ё он васила бо ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла бо радикалҳо алоқа доранд, ки дар марҳилаи аввал инро пайхас кардан душвор аст.
Нахуст, тибқи ғояе, ки онҳо доранд, бояд аз рўи муқаррароти касбию пинҳонкорӣ фаъолият дошта бошанд. Онҳо ҳамеша дар назди худ ҳадафҳои мушаххас ва ҷиддӣ мегузоранд, ки он ба оштинопазирӣ, фаъолияти тахрибкорӣ ва шикасти сохтори давлатӣ нигаронда шудааст. Чӣ хеле медонед, онҳо ҳеҷ вақт пешакӣ дар бораи табаддулоти давлатӣ ва бо зўрӣ ғасб намудани ҳукумат изҳорот намекунанд ва мақсадҳои худро ҳам ошкоро эълон намедоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё