ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданМутаассифона, Назарзода аз ҷумлаи чунин ашхос буд ва танҳо дар вазъи ба амал омада худро ифшо намуд.
Дар ин ҷо лозим аст, ки касбияти олӣ ва амали бонизоми сохторҳои қудратиро, ки вазифаи худро ба ҷо оварда, кўшиши шўриши мусаллаҳонаро пешгирӣ намуданд, махсусан зикр кард.
- Мо ҳароина аз ҳеҷ кас дар мавриди он, ки дар мақоми болоии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ шахсоне низ фаъолият доштан, ки тибқи фарзияи тафтишот ба сулҳу суботи мамлакат хавф доштаанд, ҳанўз шарҳе нашунидем. Дар ин маврид чӣ фикр доред?
- Биёед, ба таърихи на чандон дури худамон назар андозем. Дар натиҷаи ба имзо расидани санади сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумат ва ИНОТ беш аз панҷ ҳазор нафар аз мусаллаҳони оппозитсия ба сафҳои воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои интизомӣ шомил гаштанд. Мо умед доштем, ки ин одамон иштибоҳи худро фаҳмида, минбаъд ба халқу Ватан садоқатмандона хизмат мекунанд. Аммо афсўс, ки мақоли «Оқибат гургзода, гург шавад. Гарчи бо одамӣ бузург шавад» рост будааст.
- Ин суолро имкон дорад ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар мавриди фирори қумондони ОМОН Гулмурод Ҳалимов низ диҳем. Яъне, ин фарзияро чӣ гуна ҳақ баровардан мумкин аст, ки ў қаблан аз ҷиҳати равонӣ бемор буду, якбора чунин вазифаро соҳиб шуд?
- Одамон ғолибан аз ғояти гулию гарангӣ ё бевиҷдонӣ (бешарафӣ) ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Чуноне ки Монтескё гуфтааст: «Разолату фурўмоягии калон дар заминаи нафрату бадбинӣ ва хурдаш аз тарс сурат мегирад». Мумкин Ҳалимов ягон навъ нафрат нисбати ҷомеаи секулярӣ (дунявӣ) дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё