Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Баъди чанд пирўзии ДИИШ дар Ироқу Сурия шояд тахайюлу ҳаваси фиребо Ҳалимови носолимро ба ин иқдом тела додааст.
Таърих чунин мисолҳоро зиёд медонад, ки соҳибмансабони ҳарбӣ барои манфиатҳои ночизи шахсиашон муқобили манофеи миллӣ ва давлатӣ баромадаанд. Ин ҷо соя набояд рўи тамоми хизматчиён афтад, ки ҳимояи Ватани худро муқаддас мешуморанд.
-Чанд маротиба ВАО-и давлатӣ дар бораи он ёдовар шуд, ки ҲНИТ ва Назарзодаро аз хориҷа, онҳое, ки ба нооромии Тоҷикистон манфиатдоранд, маблағгузорӣ мекарданд. Шумо гуфта метавонед, ки имрўз ин барои кӣ манфиат дорад?
-То ҳанўз мисли солҳои 90-и асри гузашта дар хориҷи мамлакат доираҳое ҳастанд, ки ба нооромии авзои дохили кишвари мо манфиатдоранд. Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистонро ба сарчашмаи террор, зўроварӣ ва радикализм табдил диҳанд. Табиист, ки ин қувваҳо дар миёни табақаҳои ифротгарои ҷомеа такягоҳ меҷўянд, то ки ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегии худро амалӣ гардонанд. Барои мисол дур рафтан лозим нест. Дар Афғонистони ҳамсояи мо ва дар Ироқу Сурия теъдоди зиёди гурўҳҳои ифротию террористӣ ҷамъ омадаанд, ки аз ҷониби доираҳои манфиатхоҳ барои анҷом додани амалҳои террористиву тахрибкорӣ бо маблағи ҳангуфт таъмин мешаванд.
-Вақтҳои охир дар ВАО чанд маротиба масъалаи ба Президенти мамлакат додани унвони Пешвои миллат бардошта шуд. Оё сарфароз гардондани Роҳбари давлат ба чунин унвон воқеан ҳам муҳим аст?
-Доир ба ин масъала ҳоло дар миёни олимон муҳокимаҳо рафта истодааст. Мардум низ ҳангоми баромадҳояшон аллакай ба Сарвари давлат «Пешвои миллат « гуфта муроҷиат мекунанд. Ва ман дар як мақолаам Президентамонро дар як саф бо Авраам Линколн, Камол Отатурк ва дигар бузургон гузошта будам.

пешина
аз 601
навбатӣ