Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин на барои он буд, ки бори дигар эҳтиромоти самимии худро нисбати Президент таъкид намоям, балки вобаста ба воқеияти таърих инро тазаккур додам. Авраам Линколн дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА тавонист, ки тамомияти арзии кишварро нигоҳ дорад. То имрўз амрикоиҳо бо эҳтиромоти зиёд нисбати ин президент сухан мегўянд. Дар фарҳанги сиёсии онҳо низ қабул шудааст, ки ҳар кадом президентро бояд аз рўи дастовардҳояш баҳо диҳанд. Бинобар ин фикр мекунам, ки ҳароина мо бояд ба шахсиятҳо баҳо доданро аз рўи саҳмашон дар барқарорсозии давлатдориамон ёд гирем. Маҳз ба ҳамин хотир ба андешаи ман Президентамон ба унвони «Пешвои миллат» сазовор аст.
Агар бо пешвоёни дигари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ муқоиса кунем, онҳо мамлакати худро аз рўи мерос гирифтаанд, амалан дар онҳо мухолифатҳои сиёсӣ ва харобкориҳо набуд. Дар ҳамин зовия хизматҳои Президенти мо ниҳоят бузург аст. Давлатдорӣ набошад, фаъолияти муътадили сохтори давлатдорӣ, хулоса ҳеҷ чиз намешавад. Дар синни 40-солагӣ ба сари ҳокимият омад ва изҳор дошт, ки сулҳро пойдор мегардонад, ҳамаи гурезаҳоро бармегардонад ва мо дидем, ки ў ҳамаи ин корҳоро анҷом дод. Ин боиси ифтихори бузург аст.
Лозим аст, ки ниҳоди (институти) Пешвои миллат созмон дода шавад ва дар ин самт сиёсатшиносон, ҳуқуқдонҳо, аъзои фраксияи мо кор баранд ва ин масъаларо ба парлумон пешниҳод намоянд. Фикр мекунам, ки хуб мебуд агар дар заминаи қонунгузорӣ ба ниҳоди Пешвои миллат салоҳиятҳои муайян дода шавад. Масалан дар Қазоқистон Елбаси унвони ифтихорӣ аст. Аммо барои пурқувват намудани низоми сиёсиамон ба Пешвои миллат бояд ягон хел салоҳият дода шавад. Ин ниҳод метавонад дар оянда барои эътидоли вазъияти сиёсӣ ва носозгориҳои иҷтимоӣ нақши мусбат дошта бошад.

пешина
аз 601
навбатӣ