ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
-Мехостам назари шуморо доир ба қазияе, ки перомуни фавти Умаралии панҷмоҳа ба миён омадааст, бифаҳмам.
Ба он вокунише ки нисбати ин қазия дар ҷомеаи Русияву Тоҷикистон сурат гирифтааст, чӣ баҳо медиҳед?
-Дар ин маврид ман гуфтаҳои Президентамонро хондам ва бисёр мақбулам шуд. Бале, ин фоҷиа далели бархўрди беотифа ва дағали одамон аст. Аммо дар атрофи он воҳимаи зиёд кардан раво нест, ки боиси халалдор шудани муносиботи миёни миллатҳо ва давлатҳо шавад. Зеро ки имрўз дар Русия теъдоди бузурги муҳоҷирони корӣ фаъолият доранд. Ба ман ҳамчунин гуфтаҳои муовини Раиси Думаи давлатии Русия писанд омад. Ў комилан дуруст иброз доштааст, ки ин ҳодиса чеҳраи аслии мо ва золимии моро нишон дод. Охир ў кўдак аст. Чӣ гуна ўро аз модараш канда мегиранд? Ин амалан куштор аст. Ин фоҷиа дили ҳамватанони моро ба ларза овард ва дар атрофаш вокунишҳо зиёд шуданд, ки нишонаи ҳамраъйии ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Ман фикр мекунам, ки ҳамааш бояд аз рўи адолат сурат бигирад. Мақомоти интизомӣ бояд қазияро одилона баррасӣ намояд. Дирўз хабари дигаре аз Думаи давлатии Русия омад, ки дар мавриди ҳодисаҳои марбут ба ҷудо кардани модару кўдак ба қонунгузории он кишвар тағйирот ворид карда мешавад. Агар адолат тантана кунад, ҷомеаи мо қаноат ҳосил мекунад, ки воқеан ҳам Русия як кишвари мутамаддин аст ва дар он ҷо қонун волоият дорад. Ба ин ҳақиқат қодир ҳастанд ё не, инро ҷараёни тафтишот ва натиҷаҳои он нишон медиҳад.
Душанбе, ноябри соли 2015
Таҳияи Зебо ТОҶИБОЕВА, тарҷума аз нашрияи «Азия плюс»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё