ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
БАР ФАРОЗИ ҚУЛЛАҲО
Ҳангоме ки мо аз оғўши кўҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, аз соҳили дарёҳои пуртуғён, аз миёни дараҳои танг ва дашту саҳро гузар менамоем, беихтиёр мурғи хаёламон ба парвоз омада, дар фарози асру замонҳо ва ҳазорсолаҳо сайр менамояд ва гузаштаҳои басо дурро пеши назар ҷилвагар месозад.
Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳолат низ бисёр рў ба рў омадааст. Ў пайваста ба гўшаву канори Тоҷикистони азиз сафар менамояд ва ҳамеша ба мулоқоти мардум мешитобад, то бо розу ниёзашон аз наздик ошно гардад, садои дилашонро бишнавад. Ў дар аснои роҳ ба қуллаҳои кўҳсорони Бадахшону Зарафшон, Ҳисору Рашту Хатлон, ки аз партави хуршеди саҳаргоҳон арғувонӣ мегарданд, дида медўзад, андешаҳояш ба умқи таърих фурў меравад ва ҳодисоти замона ба ҳам омехта гардида, пеши чашмонаш ҷилвагар мешаванд. Чунин мепиндорад, ки қуллаҳо аз афкори оливу бегазанд, аз ҷавҳари андешаҳои лоязолии фарзандони бузурги миллат, аз хуни поку муқаддаси қаҳрамонон, ки ҳаёти худро нисори озодиву истиқлоли Ватан намудаанд, медурахшанд ва ҷило медиҳанд.
Сарвари давлат дар хусуси он меандешад, ки дар тўли ҳазорсолаҳо сипоҳиёни савораву пиёдаи Искандари Мақдунӣ, урдуи селосову офатбори Қутайба, сарбозони ваҳшитабиату хуношоми Чингизхон ва даҳҳо сарлашкару соҳибсилоҳони хомтамаъ ва бадному насаб домони муқаддаси сарзамини моро поймол намуда, аз худ харобӣ, дарёи хун, шаҳрҳои сўхтаву валангор, китобхонаҳои хокистаршуда ба ёдгор мондаанд. Дар хусуси он меандешад, ки тоҷикон дар сайри таърихӣ, дар гирудор ва фоҷиаҳои хунини рўзгор такя ба забону фарҳанги нотакрор ва такя ба ҷавҳари маънавиёти воло намуда ва умри ҷовидон ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё