Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сарвари давлат пирамардеро пеши назар меорад, ки сар то по ғарқи нур буда, хомаашро дар анвори дурахшони офтоб тар намуда, дар қуллаҳои осмонхарош се ҷавҳари поки рўзгори башар - Кирдори Нек, Гуфтори Нек, Пиндори Некро сабт менамояд, то ки онҳо ба назари ҷаҳониён ҳамеша тобон бошанд ва роҳнамои рўзгори онон гарданд.
Ин шахси ботадбир Зардушти хуршедзамир аст, ки ба зодагони инсон хитоб мекунад:

  • Чор унсури пок - хоку об, ҳаво ва оташро поку муқаддас бидоред, зеро ҳастии мо аз онҳо сарчашма мегирад.
    Бипарастед Офтобро, ин кўраи оташзо ва ҳаётофаринро, бипарастед Заминро, ин гаҳвораи башарро, махзани ризқу рўзиро! Онро аз ҳама гуна газандҳо эмин бидоред, зеро:
    Аз Замин беҳтар барои мо дигар сайёра нест, Беҳтар аз он дидаи моро раҳи наззора нест.
    Ҷуз Заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим, Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.
    М. Турсунзода
    Аҷнабиёну яғмогарон пайваста кўшидаанд, то арзишҳои волои «Авасто»-ро аз байн бубаранд, аммо ҳамеша тири ҳасодаташон ба хок хўрдаааст, зеро ба қавли Сарвари давлати мо ин асари ҷовидона ниёгони моро аз даврони валодат то дами марг дар шебу фарози ҳаёт роҳнамоӣ мекард.
    Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ дарк намудааст, ки барзгарон сурудоятҳои «Авесто» дар лаб ба Замин дона мекоштанд ва бо мурод ғалла медаравиданд, соҳибони чорпову сутур афзоиши рамаву галаҳояшонро таманно доштанд, сарлашкарону сипоҳиён сурудҳамосаҳои ҷангӣ бар лаб ба душман ҳамла меоварданд ва аз эзидон фатҳу зафар мехостанд, подшоҳону тоҷварон бо тавбаву надомат худро ба паноҳи Аҳурамаздо супурда, аз яздони пок тинҷиву осоиши мулкро металабиданд, мубадону коҳинон аз панду ҳикматҳои ин китоби муқаддас вазъ мегуфтанд.
пешина
аз 601
навбатӣ