Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Фосилаи таърих аз «Авасто» то имрўз ҳар қадар афзояд, ҳамон қадар арзиши фалсафию ахлоқӣ ва маънавии он барҷастатар ҳувайдо мегардад. «Авасто» дар сайри таърихии хеш борҳо хокистар гашта, чун мурғи Ҳумо аз нав ба парвоз омадааст.

  • Олампаноҳо, - ба гўш мерасад аз қаъри асрҳо садое.
  • Мо аз оташкадае китоби бузурге пайдо кардем. Бигў, чӣ кунем бо вай?
  • Он чӣ китобест? - мағрурона мепурсад Искандар.
  • Бо лавҳаҳои тиллоиву матнҳои зарандуд болои дувоздаҳ ҳазор пўсти гов сабт шудааст.
  • Магар ин ҳамон «Авасто» нест, ки шуҳраташ оламро фаро гирифтааст?
  • Бале, олампаноҳам, «Авасто»-ст.
  • Китоби муқаддаси ориёинажодон! Кишваре, ки мутеи ман хоҳад шуд, оё меарзад, ки сазовори чунин китоби бузург бошад? - бонг мезанад Искандар ва пас аз таваққуфи кўтоҳе мегўяд.
  • Нусхаҳои «Авасто»-ро дар тамоми қаламрави Суғду Бохтар оташ занед, оташкадаҳоро бо хок яксон кунед!
    Нахустин бор дар таърихи инсон сарбозони Искандар аз китобҳо оташ афрўхтанд ва ин расми нангин то ба имрўз аз ҷониби аҳриманзодагон ва душманони илму фарҳанги башар идома дорад. Ҳангоме ки Искандар чашм ба алангаи китобҳо дўхта, сокит ғарқи андеша буд, аз гўшае садои валвала баланд мешавад ва суруди суғдӣ ба фазо мепечад.
  • Чӣ моҷарост он ҷо? - бо талвоса мепурсад ў.
  • Бо амри олампаноҳам 30 нафар суғдиёни саркашро сўи қатлгоҳ мебаранд. Онҳо хунсардонаву бебокона сурудхонон ба истиқболи марг мераванд, - посух дод лашкаркаше.
пешина
аз 601
навбатӣ