ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Сурудхонон? - бо тааҷҷуб ва изтироб мепурсад Искандар.
Искандар ларзид, аммо ҳарфе нагуфт. Шояд бори аввал дарк намуд, ки пирўз гардидан ба мардуми Суғду Бохтар амрест бас маҳол ва хаёлест басо хом.
Искандар ба худ омад ва канда - канда гуфт: - Бо амри ман 120 ҳазор суғдиён аз дами шамшер гузаштанд. Ин магар ба саркашону исёнгарон сабақ нагашт?
Искандар атрофро назора намуд, ба дуродур назар афканд ва сўи лашкаркаш теғ кашида нигоҳ кард ва бо оҳанги фармон амр намуд: - Фардо набарди шадиде оғоз мешавад. Бифармоед, то ба сипоҳиён офаридаи Софокл «Шоҳ Эдип» - ро намоиш бидиҳанд. Бигзор, ба онҳо неруи тоза бахшад!
Имрўз тоҷикон - авлодони суғдиёну бохтариён, ки дар асри XXI сарбаландона зиндагонӣ менамоянд, ҳақ доранд аз Искандар бипурсанд: - Оё аз лавҳи хаёли ту гузашта буд, ки баъди дуним ҳазор соли қатлу кушторҳоят ва бидуни фармони ту «Шоҳ Эдип» бо тамоми ҳашамат рўи саҳнаи тоҷик падид меояд ва бо як ҷаҳон шўру исён ба тоҷикӣ сухан мегўяд. Оё ин далел пирўзии ҳунар бар лашкар ва қатлу куштор нест?
Мардуми тоҷикро на шамшери хунин ва амру фармонҳои Искандар, балки ҳунару илму фалсафаи Юнон тасхир кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои кўҳсорон, ки аз партави офтоб медурахшанд, дида медўзад ва чунин мепиндорад, ки аз фарози онҳо хуни муқаддаси Спитамон қатра - қатра чакида, атрофро лолагун сохтааст. Спитамон чун лашкаркаши тавонои сарзаминҳои Суғду Бохтар ларза бар пайкари урдуи Искандар андохта буд. Гўё имрўз аз дили кўҳсорон овози раъдосои ин лашкаркаши даврони бостон ба гўш мерасад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё