ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Мо дар соҳилҳои Ому, Сиру Зарафшон, дар саросари Суғду Бохтар ба душмани ғаддор амон нахоҳем дод. Дар соҳили Зарафшон се ҳазор пиёданизом ва 800 нафар аскарони савораи Искандарро нобуд сохтем. Фардо ҳама ба қиём! Ба қиёми хунин!
Дар посухи ин садо гўё аз қаъри кўҳу дара ва дарёҳо нидоҳо баланд гардида, заминро ба ларза меоваранд: - Дуруд бар Спитамон! Поянда бод Спитамон! Ба набард то охирин қатраи хун!
Набарди шадид оғоз мегардад, аз хуни шаҳидон кўҳу даман пероҳани сурх ба бар мекунанд. Оваҳ! Спитамон ҳангоми ақибнишинӣ ба таври ногаҳон ва ғайричашмдошт ба зарбаи қабилаҳои бодиянишин рў ба рў мегардад.
Онҳо сари қаҳрамонро аз тан ҷудо карда, чун армуғон ба Искандар мефиристанд, то мавриди таваҷҷуҳи вай қарор бигиранд. Аммо амали зишташон чун рафтори хоинон дар сафҳаи таърих сабт гардид ва наслҳои нав ба нави инсонӣ ба душманоне, ки дар дохили кишвар аз пушт ханҷар мезананд, лаънату нафрин мехонанд.
Ниёгони мо пас аз заволи давлати Искандар дар аҳди давлатҳои мухталифе чун Кўшониёну Сосониён саргарми зиндагиву бунёдкорӣ буданд. Неруи тавонои созандагӣ онҳоро ба сўи дастовардҳои нав ҳидоят менамуд. Ҳунари волои аҳди Кўшониён ва Сосониён то ба имрўз ҷаҳониёнро ба шигифт меоварад.
Солҳо сипарӣ гаштанд ва боз балои азиме ба сарзаминҳои муқаддаси авлодони мо ҳамлаовар шуд. Ин сели офатбор ин дафъа дар симои лашкари ҷаррори хилофати араб падид омад ва боз ҷўйҳои хун ба ҳар сўе ҷорӣ гаштанд.
Ба қавли Фирдавсӣ саҳронишинон, ки бистарашон реги равон ва хўрокашон шири шутуру сусмор буд, дар орзуи тахти Каён афтоданд. Боз ба назар қуллаҳо аз хунҳои бегуноҳон сурхпўш гардиданд. Боз фармонҳои хунин ва теғи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё