ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданхунин баланд мешаванд:
- Манам Қутайба, қоиммақоми Хуросон, пешвои лашкари араб! Шаҳру деҳотро ба хун ғарқа намоед, ҳар ҷунбандаеро аз дами теғ гузаронед!
Сарбозон дар ҷавоб шамшерҳои бараҳнаи худро ба ҷилва оварда ва омода будани хешро барои қатлу кушторҳои нав намоиш медиҳанд. Садои Қутайба ба таври боз ҳам даҳшатангез атрофро ба ларза меоварад: - Сари он ашрофзодагони суғдиро, ки ба қатл расидаанд, аз тан ҷудо кунед, номашонро ба гўшҳояшон нависед ва сарҳояшонро ба камарбанд овехта, ба қароргоҳи худ баргардед, он чиро, ки ба ғанимат гирифтаед: силоҳу камарбанди зарин, матоъҳои гаронбаҳо, аспҳои бодпо, асиронро ҳама ба шумо, фотеҳони майдони ҷанг мебахшам.
Хоки Суғдро бубезад! Хуросону Мовароуннаҳро мутеъ созед!
Садоҳо яке дигарро иваз мекунанд, мавҷи исён ва ғазабу нафрат нисбати яғмогарон ларза ба дили кўҳҳо меандозанд ва мардумро ба по мехезонанд. Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастӣ ба онҳо гўш фаро медиҳад: - Эй, душмани хуношоми биёбонгард! Беҳуда шодмониву ифтихор нанамо! Манам Абўмуслими Хуросонӣ! Бо лашкари худ ҳозири майдонам!
- Манам Сунбоди Муғ! Хун ба хун, ҷон ба ҷон! Қасди шаҳидони бегуноҳро аз қотилон хоҳам ситонид!
- Манам Устод Сис! Мардуми Ҳиротро ба исён, ба набарди хунин бархезондаам.
- Манам Деваштич, лашкаркаши Суғдзамин! Мо дар муҳосира қарор дорем. Аммо хунҳоямон дар ҷўш ва шамшерҳоямон дар даст медурахшанд.
- Манам, Муқаннаъ, пешвои мардуми Мовароуннаҳру Хуросон! Мо ҳама чун як тан меҷангем, то хасми нопокро маҳву нобуд созем! Ҳама ба набард! Ба набарди адлу дод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё