ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Муборизаи зидди душман шадидтар ва хунинтар мегардад. Хуни сарлашкарону сарбозон ба ҳам омехта мешаванд. Деваштич пас аз зарбаҳои камаршикан бар душман худро ба саргаҳи Зарафшон расонид, то ба дигар минтақаҳо робита барқарор намуда, муборизаро идома диҳад. Ҳайҳот! Душман қаҳрамонро муҳосира мекунад, ҳалқа дар атрофаш тангтар мегардад. Ташнагони хуни Деваштич сари ўро аз тан ҷудо мекунанд ва чун шоҳиди ба ном қаҳрамонии хеш ба ҳокимони Ироқ мефиристанд.
Магар дар Ироқ касе маҷоли онро дошт, ки ба сари бурида ва бетани вай назар афканад? Номи Деваштич чун раъду барқи осмон сарзамини истилогаронро ба ларза ва даҳшат оварда буд. Суғдзамин, ки маънояш «дурахшидан» ва «сўхтан» аст, воқеан машъали рахшоне буд ва он дар оташи ҷанг сўхту нобуд шуд ва дурахши он бо хоки сиёҳ баробар гашт. Ёдгориҳои бостонӣ, ки имрўз аз қаъри замин ва асру замонҳо падид меоянд, ҷаҳониёнро дар баробари ҳунару фарҳанги суғдиён ба шигифт меоваранд.
Пас аз хорию зориҳои бардавом, пас аз қатлу кушторҳо, ки 200 сол идома ёфт, дар фарози Мовароуннаҳру Хуросон номе ба дурахшидан оғоз кард ва мардум чашми умед сўи вай дўхтанд ва имрўз садояш дар тамоми қаламрави тоҷикнишин баланд аст:
- Ман, Исмоили Сомонӣ, дар зери чархи гардун 58 сол умр дидаам, комрониву мубориза кардаам, давлатеро поягузорӣ намудаам, ки шуҳраташ баҳру барро фаро гирифта буд. Баҳри саодати мардум, адлу дод, ваҳдату якпорчагии кишвар шамшер кашидаву ҷонбозиҳо кардаам. Ҳазор сол аст, ки рўҳи исёнгари ман дар набард аст. Пас аз ранҷу азобу озурдагиҳо, пас аз таҳқиру фаромўшиҳо боз аз нав бар тахти салтанат биншастам. Дуруд ба миллате, ба давлате, ба сарваре, ки маро дубора эҳё кард, мақому манзалати тоза бахшид ва тахту тоҷи гумкардаамро аз нав ато кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё