ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданАкнун ман то абад устувору пойбарҷоям! Ман забон ва фарҳангеро бар тахти салтанат биншондам, ки он аз канораҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш аз кўҳсори Қафқоз то Халиҷи Форс домон густурда, дар фарози олам медурахшад. Ман, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, бо тамоми шаҳомату ҳастӣ аз болои хоросанг қомат афрохта, рўзгори шуморо наззора мекунам. Ман бо шумо пайванди ҷовидонӣ дорам, ман то абад бо шумоям!
Пеши назари Эмомалӣ Раҳмон симои арҷманди устод
Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров намудор мегардад, ки суҳбати гарме аз боби Исмоили Сомонӣ доранд.
- Бобоҷон, - мегўяд андешамандона устод Айнӣ, - ҳамин ки қалам ба даст бигирам, пеши чашмонам Исмоили Сомонӣ падидор мегардад. Ман мафтуни қудрату матонати ўям.
- Шумо, устоди арҷманд, - мегўяд бо табассуми ҳалимона Бобоҷон Ғафуров, - имрўз парчами Исмоилро дар дастони худ устувор доштаед. Дўстон аз шумо сарфароз, душманон дар ҳарос. Андешаҳоятонро дар бораи давлати Сомониён ва нақши онон дар таърихи тоҷикон хондам, басо хушнуд шудам.
- Воқеан, Бобоҷон, агар Сомониён зуҳур намекарданд, агар дар арсаи таърих Исмоил пайдо намешуд, маълум набуд, ки мо имрўз бо чӣ забоне ҳарф мезадем, бо чӣ фарҳанге сару кор доштем. Пайдо набуд, ки тақдири мо ба чӣ меанҷомид.
- Устод, ният дорам саргузашти халқамро, сайри таърихии онро, мақоми тоҷиконро дар рушди илму фарҳанги ҷаҳон аз нигоҳи ҳақиқат собит созам. Дар ин хусус андешаҳоямро ба рафиқ Сталин ошкоро гуфтам. Вақте ў фаҳмид, ки тоҷикон «Шоҳнома» - ро назар ба эрониён хубтар ва беҳтар мефаҳманд, ба ҳайрат афтод. Гаштаву баргашта таъкид кард, ки инро аз назари илмӣ бояд таҳқиқ намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё