ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданЎ пешниҳодҳои маро перомуни омўзиши воқеии таърих комилан тарафдорӣ кард.
- Ростиро заволе нест, Бобоҷон. Ҳақиқати таърихро ҳеҷ кас наметавонад инкор намояд. На подшоҳ, на дарвеш.
- Устод, имрўз вақте ки шуморо бо як овоз аввалин президенти Академия интихоб намудем, сарам ба осмон расид. Бубинед, тоҷикон соҳиби Академия!
- Бобоҷон, ман аз он ифтихор дорам, ки дар сари давлати мо, дар ҳимояи илму фарҳанги Тоҷикистон шумо барин фарзанди содиқу вафодор ва донишманду андешаманд қарор дорад.
- Устод, орзу дорам, ки Тоҷикистони мо шуҳрати Сомониёнро дубора дарёбад.
- Иншооллоҳ дармеёбад, - бо оҳанги қатъӣ мегўянд устод Айнӣ. - Халқ офаридгор аст. Аминам, ки фарзандони баномус Тоҷикистонро машъали Машриқзамин хоҳанд кард.
Боз солҳо, чеҳраҳо, ҳодисаҳо яке дигареро иваз мекунанд. Дар лавҳи хотири Эмомалӣ Раҳмон лашкаркаши ҷавоне дар либоси дарвешӣ падид меояд, ки дар баробари оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ба зону нишаста, ба вай саҷда меоварад ва бо ў дар муколама аст. - Исмоил, эй ҷадди бузургворам, эй пешвои давлату миллат, ба ман нерўи тоза бубахш, то ба душманонат пирўз гардам, ононро сарафканда бинам, - мегўяд лашкаркаши ҷавон.
- Кистӣ? Нашинохтамат.
- Мунтасирам, авлоди туам. Ба зиёратат омадам, то аз ту имдод биталабам. Ман охирин ва ягона намояндаи Сомониёнам, ки алайҳи душман меҷангам.
- Сарфарозам аз ҷасорату мардонагиат.
- Исмоил, эй пешвои муаззам, ба атроф нигар, бубин чи гуна давлати овозадорат рў ба завол овардааст. Душманони гургтабиат аз ҳар ҷониб ба он дарафтодаанд, мехоҳанд пора - порааш кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё