Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан
  • Ту чиҳо мегўӣ?! - ба изтироб меафтад Исмоил. - Кӣ гуфт, ки давлати ман рў ба завол ниҳодааст?
  • Ба давлат ва ба номи поки ту хиёнат карданд. Хиёнат аз паси хиёнат. Бодиянишинон ба тоҷу тахти мо соҳиб гаштаанд.
  • Бодиянишинон мегўӣ? Охир, ман онҳоро чунон саркўб карда будам, ки дар тўли сад сол маҷоли сар боло кардан надоштанд. Магар ман тахти Каёнро ба хотири он дубора устувор сохтаам, ки имрўз ба дасти онҳо афтад?
  • Бухороро, - пойтахти давлататро забт намуданд.
    Суккони давлатро ба даст гирифтанд.
  • Во дареғо! - фиғон баровард Исмоил ва ин фиғон дар дили замину осмон танин андохт. - Фурў рав, эй чархи гардун бо ин ҳама пастӣ! Дари қабрро боз кунед, ман ба пой хоҳам хест. Шамшеру аспи маро биёваред! Мунтасир, ту маро роҳнамоӣ бикун! Шоистаи тахти Сомониён, танҳо туӣ, Мунтасир! Умедам ба туст. Ҳеҷ неруе, ҳеҷ султоне наметавонад фурўғи давлати маро хомўш созад. Фурўғи давлати Сомониён ба абадият пайвастааст!
    Эмомалӣ Раҳмон ба андешаи амиқ меравад то ҷавҳари ҳастӣ ва даҳои Исмоили Сомониро дарёбад. Дарёбад то чӣ боис шуд, ки дар шароити асри миёна ў дар синни 24 - солагӣ зимоми ҳокимиятро ба даст гирифта, дар тўли умри кўтоҳи худ корнамоиҳои беамсоле нишон дод, ки дар муддати беш аз ҳазор сол шўҳрати он коста нагардида, балки афзунтар ва дурахшонтар мегардад.
    Исмоил дорои рўҳи матин ва дили огоҳ ва бедору бузурге буд. Ба қавли муҳаққиқон ў ба худшиносии фардӣ ва миллӣ, ба худшиносии сиёсӣ ва фалсафӣ расида, гузашт ва бахшояндагӣ аз бузургтарин хислатҳои фаъолияти давлатдорӣ ва шахсии ў буд. Исмоил инсонест бузург, инсонест офарандаи таърих ва таърихи давлатдории мо, шоистагии тоҷикон, аз зуҳури шахсияти барҷастаи ў оғоз мегардад.
пешина
аз 601
навбатӣ