ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Имрўз ҷаҳониён бо чашми сар мебинанд, ки Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, кишваре, ки дар як гўшаи давлати овозадори Сомониён арзи ҳастӣ намудааст, андешаҳои волои Исмоили бузургро идомаву инкишоф дода ва орзуву ормонҳои ўро ба ҳаёт татбиқ месозад.
Имрўз авлодони Исмоили Сомонӣ бо камоли ифтихору муҳаббат дида ба чеҳраи бовиқор ва пурифтихори ў дўхта, аз забони шоир Лоиқ Шералӣ иброз медоранд:
Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,
Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.
Бар Душанбе - пойтахти тоҷикон,
Тахти бахти тоҷикон ояд ҳаме.
Эй Душанбе, дар канорат рўи тахт,
Мири Сомон ҷовидон ояд ҳаме.
Аз миёни чанд қарни ашку хун,
Паҳлавону қаҳрамон ояд ҳаме.
Бо насими бўи ҷўи Мўлиён,
Бар Ҳисори Шодмон ояд ҳаме.
Эмомалӣ Раҳмон боз ғарқи андеша мегардад. Боз садои асру замонҳо, садои таърихи бо хун оғўштаи миллати мо баланд мешавад:
- Чингиз омад! Чингиз омад!
- Вабо омад! Бало омад!
Чингизхон дасти хунолуд ва шамшери хунолуди худро боло намуда, ҷунунвор наъра мекашад: - Манам, Чингизхон, фотеҳи ҷаҳон! Ҳар куҷо тоҷике дучор ояд, зуд шамшер баркашед ва сараш аз тан ҷудо намоед! Бидуни пурсиш, бидуни санҷиш ба қатл расонед.
Лашкаркаше бо ҳаяҷону изтироб дар баробари Чингизхон таъзим намуда, канда - канда мегўяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё