Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан
  • Дар Самарқанд 110 ҳазор сарбозони тоҷик таҳти роҳбарии Муҳаммади Хоразмшоҳ даст ба қиём задаанд.
    Дар Бухорову Хуҷанд бар зидди мо исён бардоштаанд.
    Лашкариёни мо ба ҳоли табоҳ афтодаанд.
    Чингизхон мисли гурги саҳроӣ дар рў ба рўи лашкар уллос мезанад:
  • Шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Ҳироту Балх, Марву Утрор, Нисову Хоразм, Хуҷанду Чағониёнро ба хок яксон ва шудгор намоед!
    Ва лашкариён барои иҷрои фармон ба ҳар сўе пароканда мегарданд. Сарбозе халта бар китф тозон меояд ва таъзим мекунад.
  • Дар халта чӣ дорӣ, - зери лаб мепурсад. Чингизхон.
  • Магар зару зевар овардӣ?
  • На, ифтихори тоҷиконро овардам, олампаноҳ.
  • Бе парда сухан гўй! - наъра мекашад Чингизхон.
  • Девони Рўдакиро овардам. Тавонотарин шоири мулки Аҷам! Чӣ кунем бо вай?
  • Оташ занед! - бонгу ғирев мебардорад Чингизхон.
    Саросари кишварро шуълаи оташ фаро мегирад. Китобхонаҳо, мадрасаҳо, адибону донишмандон ба коми оташ кашида мешаванд. Ҳар ҷо, ки офаридаи донишу хирад буд, оташ гирифт, хокистар гашт, ба боди фано рафт.
    Дастовардҳо ва офаридаҳои нотакрори Сомониён ба хоки сиёҳ яксон гаштанд.
    Сарлашкаре дар баробари Чингизхон қарор мегирад ва бо тафохур мегўяд:
  • Муждаи хуш овардам, шоҳи олам.
  • Бигў!
  • Самарқандро аз дами теғ гузаронидем. Нисфи мардум талаф шуд, зиёда аз 30 ҳазор косибону ҳунармандони тоҷик ба писарон ва хешу табори олампаноҳам тақдим гаштанд. Ва 30 ҳазори дигар аз мардуми шаҳр ба хидмати қўшун фиристода шуд.
пешина
аз 601
навбатӣ