Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шаҳр харобазор ва аз одам холӣ гардид. Аммо аз Хуҷанд хабарҳои шум мерасанд. Ҷавоне бо номи Темурмалик ҷанги шадиде оғоз кардааст.

  • Темурмалик?! - гўё аз мағзи дилу ҷон фиғон баровард Чингизхон.
  • Бадзот, тоҷики исёнгар! Илоҷе кунеду зинда даст гиред, ба пою гарданаш занҷир зада, назди ман ҳозир намоед!
    Дар ин ҳангом аз гўшае шўру мағал, садои ба ҳам бархўрдани шамшерҳо, садои шиҳаи аспон ва сарбозон баланд мешавад.
  • Чӣ моҷарост он ҷо? - наъра мезанад Чингизхон.
  • Саҳнаи басо мудҳиш, - посух дод лашкаркаше. - Панҷ тан аз мардони тоҷик зидди ҳафтсад сарбози муғул меразманд. Заррае тарсу ҳарос надоранд. Сарбозони мо ҳатто наметавонанд он панҷ танро ба муҳосира бигиранд.
  • Эй, тарсуҳо! - хитоб намуд Чингизхон сўи майдон. - Магар шарм намедоред, ки ҳафтсад марди номдоре ҳастед, аммо панҷ нафар тоҷикро наметавонед ба қатл расонед?!
    Шармандагӣ! Раҳ кушоед, ман худ ба майдон медароям ва он панҷ танро бо хоку хун мекашам.
    Гиру дори муғул, қатлу куштори муғул, ба коми оташ кашиданҳо ва ба яғмо бурданҳои муғул саросари Аҷамро фаро гирифт. Сарҳо ба бод мерафтанд, шаҳрҳо месўхтанд, ҷўйҳои хун ҷорӣ мегаштанд. Дашту даман аз хуни тоҷик лолагун мешуд. Аз қаъри асрҳо, аз фарози кўҳсорон нолаи ҷонгудози ҷавони шердил ва асоратнописанди тоҷикро мешунавем ва ў як сафҳаи дурахшони достони мардонагиро дар рў ба рўи мо боз менамояд:
    Дар дашт будам, зилзилаи ҷанг омад, Шамшери муғул ба гарданам танг омад.
    Мардбача будам, гурехтанам нанг омад, Хуни ҷигарам ба ҳар сари санг омад.
пешина
аз 601
навбатӣ