ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданИн ҷавон дар симои Темурмалики сафшикан қомат барафрохта, рў ба мардум хитоб мекунад:
- Марг авлотар аст назар бар он ки мо дар асорати муғул ба сар барем! Бубинед, сафаҳоти рўи замин аз хуни тоҷик гулгун гаштааст. Мо набард мекунем, қасос мегирем, то нафаси охирин меҷангем! Сайҳунро аз хуни душман рангин месозем.
Истилои муғул даҳшатноктарин ва фоҷеаангезтарин саҳифаи таърихи тоҷикон аст. Маҳз дар ҳамин даврони офатбор сарватҳои маънавии халқи мо, аз ҷумла осори шуарову удабо чун устод Рўдакӣ нобуд гаштанд. Оқибати зарбаи гароне, ки аз ҷониби чингизиён ба фарҳанги мо зада шуд, то ба имрўз эҳсос мешавад.
Забон ва фарҳанги мо ба оби ҳаёт табдил ёфтанд ва миллати моро умри дубора бахшиданд ва ба ҳазораи сеюм расониданд. Роҳҳои нави Тоҷикистони тозаистиқлол гузаштаҳои дури диёри моро, имрўзу фардои онро ба ҳам мепайванданд.
Ҳар боре, ки Сарвари давлати мо роҳҳои наву кўҳнаи кишварро мепаймояд, пеши дидагонаш корвонҳои қатор андар қаторе, ки бо Роҳи бузурги абрешим дар ақсои олам равуо доштанд, ҷилвагар мешаванд. Аз Бадахшону Хатлон то Хуҷанду Истаравшану Панҷакент, ки дар чаҳорсўи шоҳроҳи овозадори абрешим қарор доштанд, зангўлаи корвонҳо танинандоз мекарданд.
Баъди сипарӣ гардидани ҳазорсолаҳо бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон Роҳи бузурги абрешим аз нав эҳё гардид.
Сохтмони роҳҳо, ки дар Тоҷикистон вусъати тоза пайдо кардааст, идомаи ҳамон Роҳи бузурги абрешим аст, ки ҳадаф аз он бо тамоми ҷаҳон пайвастани Тоҷикистон ва густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дўстиву ҳамгироист. Ин роҳ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон ба таври ҷовидон мепайвандад. Роҳи ағбаи Анзоб барои ҷумҳурии мо аҳмияти ҳаётан муҳим ва тақдирсозе дошт ва сохтмони он замоне дар ҳузури И.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё