Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

В. Сталин мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Моҳи феврали соли 1947 Бобоҷон Ғафуров дар Кремл бо Сталин перомуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон суҳбат мекунад ва зимни он мегўяд:

  • Рафиқ Сталин, дар ҳалли як масъала ёрии шуморо мепурсем. Мо мехоҳем, ки аз водии Зарафшон ба воситаи Такфон ва ағбаи Анзоб ба пойтахти ҷумҳурӣ роҳи оҳан кашем. Ин кор аҳамияти махсуси стратегӣ дорад. Дар баробари ин масофаи роҳ се маротиба наздик мешавад. Инчунин барои мавриди истифода қарор додани боигариҳои табиӣ шароити мусоид фароҳам меояд.
    Сталин ба харита нигариста, лаҳзае сукут мекунад ва дар ҷавоб мегўяд:
  • Ба фикрам, шумо ин масъаларо як сол пеш ба миён гузошта будед.
  • Дуруст, рафиқ Сталин. Аммо ҳаёт тақозо менамояд, ки ҳалли ин масъаларо дубора аз шумо хоҳиш намоям.
  • Пешниҳоди хуб, аммо ҳоло имкон надорем. Мо бояд аввал шаҳрҳо ва ҳазорон пулҳоеро, ки аз ҷанг хароб шудаанд, барқарор намоем. Ин кор маблағи зиёдро талаб мекунад. Баъди як сол пешниҳоди шуморо меомўзем.
    Ваъдаи Кремл чун ваъдаҳои пешин дар хусуси бартараф намудани беадолатиҳо дар тақсимоти миллӣ ва нодида гирифтани ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон танҳо дар забон ва рўи коғаз боқӣ монду халос.
    Имрўз танҳо Роҳбари давлати соҳибистиқлол ва дорои ифтихори миллӣ сарбаландона ва қотеъона гуфта метавонад, ки мо омода ҳастем баҳри ваҳдати миллӣ ва нашъунамои кишвар бо нохун аз дили санги хоро роҳ бикушоем.
    Роҳҳои нав аз дилу ҷони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ибтидо ёфта, рамзу самараи истиқлолияти Тоҷикистон мебошанд.
пешина
аз 601
навбатӣ