ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Истиқлолияте, ки имрўз ба халқи мо неруи тоза ва болу пар бахшидааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаву ҳар соат гўш ба набзи истиқлоли кишвар мениҳад, то итминони комил пайдо намояд, ки тапиши он солиму муназзам ва устувор аст.
Ў итминони комил дорад, ки Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш меравад, устуворонаву ҷасурона қуллаҳои навро фатҳ менамояд.
Қуллаҳои кўҳсорони мо аз партави хуршеди тобон медурахшанд. Гўё онҳо аз шарори дили Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми нурҷўву ҳақиқатхоҳи мо, аз партави созандагиҳои диёр нурафшонанд. Нурҳои ҳаётофарини офтоб дар фарози қуллаҳо суханони «Тоҷикистон», «Сулҳ» ва «Ваҳдат»- ро бо ҳарфҳои зарин сабт менамоянду атрофро мунаввар мегардонанд ва навои рўҳбахшу мутантан ба ҳар ҷониб паҳн мегардад:
Сулҳ чун хуршеди тобон ҳар саҳар, Мешавад аз кишвари ман ҷилвагар.
Эмомалӣ Раҳмон бо қалби моломоли шодию ифтихор ба қуллаҳои пуранвор менигарад ва чунин мепиндорад, ки Тоҷикистони азизу муқаддас ҳамроҳ бо офтоби оламоро ба роҳи басо дур, ки онро бо ҳазорсолаҳои нав мепайвандад, равон аст.
Душанбе, июни соли 2016
Мақолаи мазкур дар ҳаммуаллифӣ
бо Раҷабалӣ Қудратов навишта шудааст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё