ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ИСТИҚЛОЛИЯТ ИН ВАТАНДОРИСТ
Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Тоҷикон аз ҷумлаи он миллатҳое ҳастанд, ки Ватану марзу буми худро хеле дўст медоранд ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунанд. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст.
Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному манзалат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошаду онро ҳифзу ҳимоя карда тавонад.
Дастоварди бузургтарини мо дар тўли 25 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардид.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон ҳамзамон ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурўъ намуд.
Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ ба танзим оварда шуд. Қабули як силсила қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайраҳо шаҳодати ин гуфтаҳоянд.
Вале ислоҳоти иқтисодӣ дар шароите оғоз ёфт, ки бо пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ аз як тараф риштаҳои ҳаёти иқтисодӣканда шуд ва аз тарафи дигар бо норасоии ашёи хом, қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумҳурӣ кўч бастани мутахассисони русзабон низ сабаби аз кор мондани як қисми корхонаҳои саноатӣ ва таваққуфи сохтмонҳои калон гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё