Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул шуд, ки дар асоси он роҳи иқтисодиёти бозоргонӣ интихоб гардид.
Ҳангоми тартиб додани барномаҳои ислоҳотӣ таҷрибаи байналхалқӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуд. Бояд тазаккур дод, ки оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳоло ҳам ба иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ расонида истодааст. Барои бартараф кардани онҳо роҳбарияти давлат барномаҳои махсус қабул мекунад. Бо ёрии инвеститсияҳои хориҷӣ ва бо кўмаки соҳибкорони дохилӣ саноат барқарор мешавад ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
Захираҳои зиёди меҳнатие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, метавонад сатҳи иқтисодиётро баланд бардорад.
Барои ин сеху коргоҳҳои нав сохта шуда истодаанд. Дар роҳи ҳалли масъалаҳои аграрӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввал 50 ҳазор, баъд 25 ҳазор гектар замин ба шаҳрвандон тақсим карда дода шуд. Чунин тадбир натиҷаҳои дилхоҳ дод. Ҷумҳурӣ акнун аз кишварҳои хориҷӣ ба миқдори хеле кам ғалла харидорӣ карда, бозори дохили мамлакатро бо мева ва сабзавоти худӣ таъмин карда истодааст. Ҳадафи аслӣ аз он иборат аст, ки чуноне Президенти мамлакат дар Паёми солонаи хеш таъкид намуданд, бояд кишварро аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрию саноатӣ табдил диҳем.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият: хусусӣ, коллективӣ ва давлатӣ вуҷуд дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ тавонист, ки пули миллии худро ҷорӣ намуда, хусусигардонии амвол ва бозори пулиро ташкил диҳад.

пешина
аз 601
навбатӣ