Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО-ҳои Сангтўда 1-2, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Қўрғонтеппа - Кўлоб, роҳи оҳани минтақаи Ваҳдат-Ёвон, роҳҳои мошингарди Кулма - Қароқурум, Душанбе-Чанок, нақбҳои Анзоб, Шаҳристон, Чормағзак, Шаршар ва дигар иншооти муҳими таъйиноти истеҳсолию фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ шуруъ гардида, аксарияти онҳо ба истифода дода шуданд.
Мусаллам аст, ки бе инкишофи маориф пешравии мамлакат ғайри имкон аст. Аз ин лиҳоз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3 ҳазор мактабу синфхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Теъдоди литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо сол то сол меафзоянд. Китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳо оид ба соҳаҳои гуногуни илмӣ чоп мешаванд. Шабакаҳои нави телевизионии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар онҳо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, тарбиявӣ ва ғайра нишон дода мешаванд, ки ин ҳама бо шарофати соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистони азизамон мебошад.
Дар ҳақиқат вақте Иттиҳоди Шўравӣ аз байн рафт, Тоҷикистон мисли ҷумҳуриҳои дигар озодии воқеӣ ба даст овард. Ҷумҳурии мо акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Тоҷикистонро алҳол беш аз сад давлати дунё ба расмият шинохтаанд.
Кишвари мо узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои зиёди байналхалқӣ гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд. Ин воқеият яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Дар солҳои истиқлолияти комил барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки шевою шоирона ва ширину гуворо мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем.
Забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ бошанд, омили муҳими ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни ҷаҳони муосир мебошад.

пешина
аз 601
навбатӣ