Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Забондонӣ имконияти бевосита сару кор доштани шаҳрвандонро бо техникаю технологияи нав васеъ гардонида, дастраси маводи иттилоотию техникиро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, хеле осон менамояд.
Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад.
Зеро дар дунёи пуртазодимуосир миллатесоҳиби ному манзалат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Мо бояд аз он шукргузорӣ намоем, ки миллати бузурги тоҷик имрўз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона гардидааст.
Акнун танҳо тавассути якдилию муттаҳидӣ ва меҳнати пурмаҳсул мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азиз масъулияти бузург дорад ва ҳар як ватандорро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ кўшишу талош намояд. Ҳамзамон барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дўш дошта бошем.
Имрўз ҳар як соҳибватанро лозим аст, ки тибқи гуфтаҳо ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, пеш аз ҳама сулҳу ваҳдати саросариро таҳким бахшад ва диёри биҳиштосоямонро боз ҳам гуворою зебо гардонад.

пешина
аз 601
навбатӣ