Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамагӣ дар ҷараён будем, ки Ҷаноби Олӣ дар иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии ҷумҳурӣ нахустсухани худро аз сулҳу оромии кишвар оғоз намуд. Ў тавонист, ки кишвари дар вартаи нокомиҳо қарордоштаи моро ба соҳили мурод расонад. Роҳи мо ба сўи сулҳу субот тахту ҳамвор набуд. Ин ҷо хиради фитрии миллати тоҷик бар ҷаҳлу торикӣ ғолиб омада, дасти ҳам гирифтани мо мўҷиби наҷоти миллат ва бақои давлатамон гардид. Ҳамин тариқ, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи нави таърихӣ дар самти давлатдории мустақили тоҷикон шурўъ гардид.
Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини истиқлолият бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар арсаи байналхалқӣ низ мавқеъ ва ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд. Ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо шуруъ гардид. Дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фосилаи хеле кўтоҳи таърихӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд.
Пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ, ҷомеаи мо ба марҳилаи нави рушди худ қадам бардошт, ки он бо номи давраи созандагию бунёдкорӣ ёд мешавад. Яъне, Тоҷикистон марҳилаи ҳассосу сарнавиштсозро паси сар намуда, ба ҷодаи устувори рушду созандагӣ ворид гардид. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем кишварамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшем. Дар ин давра барои аз буҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёфтан барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати иқтисодӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки натиҷаҳои хуб ба бор оварданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар тамоми ин давра дар баробари бунёди иншооти муҳим, масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, хоса қишри камбизоати он ҳамеша дар мадди назари давлат ва ҳукумат қарор дошт.

пешина
аз 601
навбатӣ