ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Қабули ҳуҷҷати муҳими давлатӣ оид ба Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи фарогири он имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса бо давраҳои аввали истиқлолият хеле беҳтар гардад.
Муҳимтар аз ҳама, мо тавонистем, арзишҳои миллию фарҳангии хешро, ки дар замони шўравӣ ба гўшаи фаромўшӣ рафта, дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доштанд, аз нав эҳё намоем. Бо талошу кўшишҳои Президенти мамлакат, тавонистем, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён чун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ созем. Чандин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти мо дар соҳаи обу амнияти минтақа ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуданд. Иди миллии мо-Наврўз мақоми байналхалқӣ гирифт.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурии мо гуногунандешиву озодбаёнӣ вусъат пайдо намуд. Аҳзоби мухталифи сиёсӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Бо истифода аз имкониятҳои баёни озодонаи ақидаву назарҳо мардум масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоиро дар миён мегузоштанд. Зеро ки дар замони шўравӣ воқеан ҳам ба арҷгузории арзишҳои миллӣ маҳдудиятҳое мавҷуд буданд.
Баъди қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили байналхалқӣ эътироф шуд. Дар ин маврид Шўрои Олии ҷумҳурӣ қарори махсус интишор дод. Ҳамзамон ба Сарқонуни ҷумҳурӣ тағйирот ворид гардид. Ва ин рўз, яъне 9 сентябри соли 1991-ро ҳар сол бо шукўҳу ҷалол ҷашн мегирем. Чанде қабл бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ин санади тақдирсози миллат хеле такмил ёфт, ки минбаъд барои мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории мо мусоидат менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё