ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ин санад барои тамоми мардуми ҷумҳурӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаҳои миллӣ боиси ифтихору сарбаландӣ гардид. Зеро ки ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона пеш мебарад».
Иқдоми дигари инсондўстонаи Сарвари давлат дар остонаи ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ аз он иборат аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагони МО ҶТ пешниҳод кард ва он ба таърихи 24 августи соли 2016 аз ҷониби кулли вакилони парлумон дастгирӣ ёфт. Дар заминаи татбиқи санади мазкур тақрибан 12 ҳазор маҳбус пурра ё қисман авф мешавад.
Иқдому амалҳои шоистаи Сарвари давлати мо дар мавриди музокироти сулҳ, барқарор намудани низоми конститутсионӣ, баргардондани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, бунёди артишу дигар сохторҳои қудративу интизомӣ, оғоз намудани ислоҳоти конститутсионӣ, барқарор сохтани сохторҳои ҳамаи шаҳру навоҳию вилоёт, халъи силоҳ намудани гурўҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, бо озуқа ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин кардани мардум эътимоду бовариро ба амнияти ҷомеа ва фардои орому осуда қавӣ гардонд.
Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо имсол 25-сола шуд. Бояд гуфт, ки Истиқлолият як ҳарфи ифтихорӣ нест, балки он тақозо менамояд, ки пояҳои устувори давлатдорӣ гузошта шуда, ба ҳама гуна мушкилоту имтиҳони зиндагиву рўзгори мустақилона тоб оварда, рушди иқтисоди замонавӣ таъмин ва арзишҳои давлати демократӣ ҳифзу афзун гардонда шавад. Моҳияти истиқлолият ин аст, ки қадру қимати ҳар шаҳрванд ба талаботи меъёрҳои демократӣ мутобиқ гардонда шуда, зиндагии шоистаи сокинони мамлакат таъмин гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё