ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар баробари ин Истиқлолият дар назди шаҳрвандон масъулияти нигаҳбонии давлат, дарки эҳсоси соҳиби комилҳуқуқи он будан ва дар амри пешбурди давлатдорӣ саҳми шоиста гузоштан ҳам мебошад. Дар тўли солҳои истиқлолият сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ, ифтихори миллӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон ба маротиб боло рафт.
Мо зина ба зина ба он муваффақ гаштем, ки меъёрҳои демократӣ дар ҷумҳуриамон хеле амиқу устувор гарданд.
Гуногунандешию озодии баён таъмин гардид. Васоити ахбори оммаи мустақил фаъолияти худро хеле фарогир сохт. Дар ҷумҳурӣ алҳол 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунад, ки аксари кулли онҳо дар парлумони мамлакат намояндагони худро доранд. Аҳзоби сиёсӣ бо барномаҳои мушаххаси худ дар байни омма кор бурда, барои нуфузи бештар пайдо кардан талош меварзанд. Дар миёни онҳо барои ноил гаштан ба ҳадафҳои худ муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар асоси қонун фаъолиятҳои худро пеш мебаранд. Ҳатто Президенти кишвар пеш аз маъракаи интихоботӣ эълон карданд, ки Барномаи ҳизби ғолиб ба ҳайси Барномаи ҳукуматӣ ҷиҳати амалӣ гардондан пазируфта мешавад. Дар баробари ин ҳангоми ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Барномаҳои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ омўхта шуда, нуктаҳои муҳими онҳо барои амалӣ намудан ба инобат гирифта мешаванд. Ғайр аз ин таклифу пешниҳодҳои ҳамаи аҳзоб ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз тариқи Шўрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ дастрас шуда, ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё