ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳизби зери сарварии Пешвои муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар миёни мардум маҳбубият ва обрўю эътибори калон дорад, дар маъракаҳои сиёсӣ фаъолона кор бурда, пайваста ба пирўзӣ мерасад. Бо ҳамин васила ҲХДТ аксарияти курсиҳои парлумониро соҳиб гашта, дар парлумон фраксияи қавие созмон медиҳад, ки аксарияти лоиҳаҳои қонунҳо дар таҳия ва таҳрири аъзои он ба тасвиб мерасанд. Андешаи миллии ҳизби мо вобаста ба вазъи сиёсии ҷумҳурӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии марзу бум ташаккул меёбад, ки имрўз ҳам ин ғоя дар ҷомеа мақому манзалат дорад.
Дар ёд дорам, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр мехостанд, ки ваъдаҳои дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии ҷумҳурӣ додаашро ҳамвора амалӣ гардонад. Яке аз нақшаҳои стратегии Ҷаноби Олӣ эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳсуб меёфт. Бинобар ин аз рўзҳои аввали сарвариашон ташкили аҳзоби сиёсиро мутобиқи талаботи меъёрҳои Конститутсия истиқбол мекард. Бевосита супориш медоданд, ки ҳар як падидаи демократиро ба шумули таъсиси ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ, ки барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ замина мегузоранд, сабти ном намоянд ва барои фаъолияти пурвусъати онҳо шароити мусоид фароҳам биёранд.
Ҳизби Халқии Демократӣ дар ҳоли ҳозир заминаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии қавӣ дорад. Дар давоми беш аз 20 сол он ба як нерўи сиёсии мустаҳкаму фарогире табдил ёфт. Дар давоми ин солҳо ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири қобили мулоҳизае гузошта, дар комёбиҳои солҳои истиқлолияти мамлакат саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Ҳизби мо аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар миёни халқ беш аз пеш обрў ва нуфуз пайдо карда истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё