Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳадафи аслии он бароварда сохтани ормонҳои мардум мебошад.
Манфиатҳои Ватану миллатро ба мақоми аввал бароварда, дар байни халқ бо ин васила маҳбубияти бендоза касб намудааст. Дар баробари манфиатҳои ҳизбӣ ҳамзамон ҷомеаро ба сўи арзишҳои умумибашарию умумимиллӣ раҳнамоӣ мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо ҳизбу ҳаракатҳои ба таври қонунӣ фаъолиятдошта ба роҳ монда, дар амри хайри бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоду фарҳангу маориф ва илму варзиш муштаракан иқдом менамоянд. Ҳизби мо мутобиқи барномаҳои иқтисодии ҳукумат барои рушди соҳибкорӣ ва кишоварзӣ пайваста мусоидат менамояд. Аз тариқи вохўрию мулоқотҳо бо мардум, қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ аз розу ниёзи халқ, мушкилоту проблемаҳои халқ огоҳ шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо талош меварзад.
Барои ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мубориза ба муқобили ҷараёнҳои ифротӣ бо пешниҳоди Пешвои муаззами ҳизбамон Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон бо номи Созандагони Ватан созмон дода шуд. Сохторҳои ин ташкилоти ҷамъиятӣ метавонанд, тарзи ҳаёти солим, аз ҳисоби ҷавонон пурра сохтани сафҳои ҳизб, дар байни толибилмон ва ҷавононе, ки дар соҳибкорию тиҷорату истеҳсолот машғулият доранд, ғояҳои созандаи ҳизбро интишор бидиҳанд.
Ҳадафҳои дигари муҳими ҲХДТ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, бо ҷои кори муносиб таъмин намудани мардум, муборизаи муассир бар зидди коррупсия, ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Мо ба ислоҳоти соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити иҷтимоӣ, тартиботи ҷамъиятӣ эътибор дода, барои татбиқи муваффақонаи барномаҳои бахшҳои мазкур саҳми муносиб мегузорем.

пешина
аз 601
навбатӣ