Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Зеро, ки раванди демократисозии ҷомеа ва сохтмони давлати пешрафтаи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш аз ҳама ба натиҷаҳои фаъолияти ҳамин соҳаҳо иртибот мегирад.
Бевосита бо мардум кор карда, хусусан бо аҳли зиё, соҳибкорону тоҷирон, кормандони соҳаҳои илму тандурустӣ такя намуда, комёбиҳоямонро афзун менамоем ва дар ҷомеа нуфузи бештар пайдо мекунем. Мо ҳизбе ҳастем, ки бо ҳукумат наздикем ва аз ин рў имконияти амалӣ гардидани ниёзҳои мардумро ҳам бештар дорем. Дар ин маврид халқ огаҳии комил дорад ва ба он мепайванданду дастгириаш мекунанд.
ҲХДТ дар тўли солҳои фаъолияташ пастию баландиҳо, мушкилоту проблемаҳо ва дастоварду пирўзиҳои зиёдеро дидааст. Имрўз он зери сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст. Дар сафҳои он қариб 450 ҳазор нафар аъзо муттаҳид гаштааст. Ин нерўи қудратманд боз садҳо ҳазор нафар ҷонибдор дорад. Ҳамин аст, ки дар интихоботҳо аксарияти кулли овозҳоро соҳиб мешавем. Бо ин қувваи бузург мо метавонем дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳо ноил гардем ва миллати тоҷикро сарбаланду хушбахт гардонем.
Хулоса, ҲХДТ мудом бо мардум асту дар фикру андеша ва ғаму шодии онҳо мебошад. Зеро ки ба таъкиди Раиси муҳтарами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад».
Сохтори нави давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ ҳамзамон мафкураи сиёсии аъзои ҳизбро ба маротиб боло бурда, имкон дод, ки мо қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани худро дарку эҳсос намоем.

пешина
аз 601
навбатӣ