ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бинобар ин ҳизби мо на танҳо ба ҳаллу фасли мушкилоту проблемаҳо ва наёзмандиҳои мардуми кишвар эътибори ҷиддӣ медиҳад, балки талош меварзад, ки тибқи талаботи меъёрҳои демократияи ҷаҳонӣ фаъолият карда, арзишҳои худро ба арзишҳои асили башарӣ мувофиқ гардонад.
Ҳизби мо дар қатори аҳзобу созмонҳои дигар яке аз аввалинҳо шуда, ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон имзо гузошт. Бо ин васила муштаракан бо аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар муҳокимаи масъалаҳои доғи ҷумҳурӣ фаъолона саҳм мегузорад.
Ин амр аз он дарак медиҳад, ки ҳизби мо ба озодии баён ва гуногунандешии сиёсӣ арҷ мегузорад, назари тарафи муқобилро гўш мекунад ва онро эҳтиром менамояд.
Сарвари муҳтарами ҳизбамон Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои аввали таъсиси он иброз дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб муттаҳид кардани он нерўи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буд, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мутараққӣ ва таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талош варзад. Барои анҷоми чунин рисолати пурифтихор ҳар як аъзои ҳизб масъулият дорад ва дар навбати худ вазифадор аст, ки мардумро барои чунин амри хайру созанда ташвиқу сафарбар намояд.
Дар ниҳоят бояд қайд намуд, ки Истиқлолият вожаи воқеан ҳам муқаддас аст, ки миллати мо аз баракати он тавонист суннатҳои деринаи хешро эҳё намояд ва ривоҷ диҳад. Мо бояд ҳушёр ва огоҳ бошему истиқлолияти хешро арҷгузорӣ ва ҳифз намоем. Ба қадри неъмати бузурги соҳибватан ва соҳибдавлат будан бирасем. Тоҷикистон имрўз ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё