Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ нақшаҳои азими созандагиву бунёдкорие, ки мо барои даҳ - понздаҳ соли оянда пешбинӣ кардаем, маҳз ба хотири рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат, густариши фаъолияти соҳибкорӣ, ҳарчи бештар муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, афзун гардонидани даромади аҳолӣ, ободии Ватан ва беҳтар намудани некўаҳволии мардуми кишварамон равона шудаанд.
Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба гўшаву канори Тоҷикистони азиз сафар менамояд ва ҳамеша ба мулоқоти мардум мешитобанд, то бо розу ниёзашон аз наздик ошно гардад, садои дилашонро бишнавад. Ў дар аснои роҳ ба қуллаҳои кўҳсорони Бадахшону Зарафшон, Ҳисору Рашту Хатлон, ки аз партави хуршеди саҳаргоҳон арғувонӣ мегарданд, дида медўзад, андешаҳояш ба умқи таърих фурў мераванд ва ҳодисоти замона ба ҳам омехта гардида, пеши чашмонаш ҷилвагар мешаванд. Чунин мепиндорад, ки қуллаҳо аз афкори оливу бегазанд, аз ҷавҳари андешаҳои лоязолии фарзандони бузурги миллат, аз хуни поку муқаддаси қаҳрамонон, ки ҳаёти худро нисори озодиву истиқлоли Ватан намудаанд, медурахшанд ва ҷило медиҳанд.
Сарвари давлат дар хусуси он меандешад, ки тоҷикон дар сайри таърихӣ, дар гирудор ва фоҷеаҳои хунини рўзгор такя ба забону фарҳанги нотакрор ва такя ба ҷавҳари маънавиёти воло намуда, умри ҷовидон ёфтаанд.
Ў пирамардеро пеши назар меоварад, ки сар то по ғарқи нур буда, хомаашро дар анвори дурахшони офтоб тар намуда, дар қуллаҳои осмонбўс се ҷавҳари поки рўзгори башар - кирдори нек, гуфтори нек, пиндори некро сабт менамояд, то ки онҳо ба назари ҷаҳониён ҳамеша тобон бошанд ва роҳнамои рўзгори онон гарданд.

пешина
аз 601
навбатӣ