Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳини ба мансаби Президенти Тоҷикистон интихоб шуданашон «ба номи поки Худованди мутаол, ба номи неку муқаддаси Тоҷикистон, ба кўҳҳои пурганҷ ва осмонбўси он, ба водиҳои зарнисору боғу бўстонҳои хуррами он, ба хотири эҳтироми падарону модарон, наврасону ҷавонон, тифлакони гаҳвора ва умуман ба ҷони беш аз 8 миллион шаҳрванди кишвар» савганд ёд карда, таъкид доштанд, ки: «Тамоми ҳаётамро, орзую андешаҳоямро ва фикру зикрамро фидои имрўзу фардои неки халқи азизам ва Тоҷикистони маҳбубам месозам».
Ҳамин аст, ки бо ҳидояту роҳнамоии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рўзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар тўли чаҳоряк асри соҳибистиқлолӣ ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерўгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт.
Дар баробари ин, Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдўсту тамаддунпарварамон моро барои ҳарчи бештар аз худ кардани дастовардҳои ҷаҳони муосир, пешрафти илму техника ва тараққиёти рўзафзуни давлатҳои мутамаддини олам, яъне баробар бо ҷомеаи пешрафта қадам бардоштан ҳидоят ва водор менамояд.
Яъне мо ҳар қадар Ватанамонро дўст дорем, бояд ҳамон андоза кўшиш намоем, ки аз ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ пешраванда қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем, арзишҳои илму фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омўзем ва кўшиш кунем, ки мисли ниёгони некноми худ ба тамаддуни башарӣ ҳиссаи арзишманди худро гузорем.

пешина
аз 601
навбатӣ