Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Новобаста аз ҳадафу манфиатҳо, коргардонҳои ин майдони разм барои шиддати бештаре бахшидан ба оташи он,омили дин ва мазҳабро хеле ҳунармандона истифода мебаранд. Ин муносибат боиси он гардидааст, ки дар ҷаҳони муосир неруҳои радикалӣ ва мутаассиби диниву мазҳабӣ аз дастгирии хосса ва маблағгузориҳои ҳангуфт бархурдор буда, беш аз пеш сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳшуда, ки ба ҳайси «қурбонӣ»-и «ҳадафҳои олӣ» истифода мешаванд, афзоиш медиҳанд.
Ҳафтаномаи мо дар ин замина тасмим гирифт, ки саҳифаеро бо унвони «Хатарҳои замони муосир» таҳия намуда, беҳтарин баҳсҳоро дар ин мавзуъ ба нашр расонад.
Мақолаи нахустин, ки дар ин бахш манзури хонандагон мегардад, аз лиҳози таҳлил, фарогирии мавзўи баҳс ва мазмуну муҳтаво хеле муассир буда, итминон дорем, ки мавриди ҳамовозии ҷиддии хонандагони соҳибназари нашрия мегардад.

Раванди босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ, ки имрўз
сарҳади давлатҳоро убур намуда, ба сиёсат, иқтисодиёт
ва фарҳангҳои миллӣ таъсир мерасонад, то андозае арзишҳои суннатии онҳоро низ тағйир медиҳад. Геополитикаи муосир барои як силсила кишварҳо агар «геополитикаи бедоршавӣ» (З. Бжезинский) арзёбӣ шавад, барои
дигар кишварҳо ба геополитикаи яъсу ноумедӣ табдил
ёфтааст. Иттиҳоду ҷиноҳҳои пешинаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва
ҳарбӣ аз байн рафта ба ҷои онҳо созмонҳои нав арзи вуҷуд
намудаанд, ки ногузир ба вазъи геополитикии ҷаҳон таъсир мерасонанд. Мо имрўз шоҳиди он мешавем, ки сармояи корпоратсияҳои бузург рўз то рўз раванди сиёсии
ҷаҳонро таҳти назорат гирифта, ҳатто бар сиёсати миллии
баъзе кишварҳои ҷаҳон тасаллут ёфтаанд. Бояд ба хубӣ
дарк кунем, ки Ватани азизи мо низ ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун аз ин ҷараёни фарогир берун буда наметавонад.

пешина
аз 601
навбатӣ