ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Вале чун доираи баҳс хеле васеъ ва густурда аст, тасмим гирифтем дар маҳдудаи мақолаи худ танҳо дар мавриди таъсири ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги маънавии миллати соҳибтамаддуни мо ва роҳҳои пешгирии таъсири манфии ин омилҳо суҳбат кунем.
Инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки онро рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии трансмиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик доданд, ба халалдор гардидани фазои иттилоотиву фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расониданд. Имрўз маҳфумҳои наве мисли ҷанги иттилоотӣ ва таҳмили ақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.
Ҳанўз дар қарни гузашта ҷомеашиноси канадагӣ Маршалл Маклюен гуфта буд: «қалам рўз то рўз пуриқтидортар аз шамшер мешавад ва дере нагузашта сиёҳӣ (ранг), аксҳо ва воситаҳои электронӣ ҷойгузини аскарону танкҳо хоҳанд шуд».
Ҳодисаҳои солҳои охири манотиқи даргири ҷаҳон комилан собит намуданд, ки воқеан ҳам имрўз қалам ҷои шамшерро гирифтааст ва халалдор сохтани тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрифи арзишҳои миллӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ омили ҳама гуна низову хушунат гардидаанд.
Барои мо низ хеле муҳим аст, ки роҳҳои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳанги маънавӣ ва арзишҳои миллии худро пешорўи ин гуна таҳдидҳо муайян намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё