ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Аз рўзҳои нахустини бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ҷонибдори эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеан ҳам, ин ягона роҳест, ки метавонад ниёзҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи моро бароварда созад. Илова бар ин Пешвои муаззами мо дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанг, забон, дину мазҳаб ва расму оини ниёгон корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғ ва эҳёи онҳо шароити мусоидеро фароҳам оварданд. Дар ин замина аз ҷониби Пешвои миллат даҳҳо китобҳо таълиф гардиданд, ки имрўз ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, барои дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон, беҳтарин раҳнамо мебошанд.
Яке аз сиёсатмадорон ва ислоҳотталабони охири асри XIX-и рус Пётр Столипин, фармуда буд: «Халқе, ки дорои рўҳия ва худогоҳии миллӣ нест, поруеро мемонад, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳанд шуд». Имрўз, ки ҷараёни босуръати ҷаҳонишавӣ аз як тараф бо тарғиби арзишҳои либералӣ ва бо баҳонаи интиқоли демократияи усули ғарбӣ, аз дигар тараф бо роҳандозии ақоиди радикалии исломӣ мехоҳад арзишҳои таърихӣ, динӣ, миллӣ ва фарҳангии кишварҳои Ховари Миёнаро маҳв созад, моро зарур аст, ки пешорўи ин таҳдидҳо миллати худро таҳти як идеологияи устувор ва созанда муттаҳид намоем. Адиб, риёзидон ва файласуфи шинохтаи фаронса Паскал Блез, ҳанўз дар қарни XVII гуфта буд: «пешбинӣ кардан маънии идора карданро дорад». Яъне мо низ агар хоҳем, ки дар ҷомеаи амну ором ва идорашаванда зиндагӣ кунем, бояд ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосирро пешбинӣ карда тавонем, то алайҳи онҳо сипари устувори маънавиро дар ҷомеаи худ мустақар созем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё