Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Агар мо ба таърихи башарият назар андозем, маълум мегардад, ки дар иттиҳоду ҳамрайъии халқу миллатҳои гуногун идеология, бахусус идеологияи сиёсӣ нақши муҳим бозидааст. Коршиносони масоили сиёсӣ вазифаҳои асосии идеологияи сиёсиро, ки ба афкору андешаи ҷомеа таъсирпазир аст, ба тарзи зер шарҳ додаанд:

  1. ТАМОЮЛӢ- идеология субъектҳои сиёсатро ба системаи арзишҳо ва манфиатҳои гурўҳҳои иҷтимоӣ равон месозад.
  2. БАСИҶӢ (сафарбаркунанда) - идеология пайравонашро ба фаъолнокии муайяни сиёсӣ талқин менамояд.
  3. МУТТАҲИДКУНАНДА - идеология муқобили манфиатҳои хусусиву майдагурўҳӣ буда, ҳамчун омили ҳамгироии гурўҳҳои дахлдори иҷтимоӣ баромад мекунад.
    Вазифаҳои зикршудаи идеологияи сиёсӣ метавонад, дар иттиҳоду ҳамгироии ҷомеаи мо ва аз байн бурдани манфиатҳои гурўҳиву хусусӣ, ки гоҳо аз ҷониби баъзе қувваҳо бар манофеи умумимиллӣ тарҷеҳ дода мешаванд, нақши калидӣ дошта бошад.
    Мутаассифона, мо бояд иқрор шавем, ки ҳанўз ҳам дар ҷомеаи мо қувваҳое ҷой доранд, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди худро, ки бар манфиатҳои гурўҳиашон асос ёфтааст, бидуни эътирофи назару андеша ва ҷаҳоншиносии аз эшон фарқкунанда, ба мардум иҷборан таҳмил намоянд.
    Маърифати сиёсии гурўҳҳои мазкур хеле маҳдуд буда, дар муносибат бо ҷомеа на аз илму маърифат, балки бештар аз эҳсосот кор мегиранд. Одатан се навъи ин гурўҳҳо дар ҷомеаи мо ба назар мерасанд:
  4. Ҷонибдорони ақоиде, ки ба исломи радикалӣ қаробати бештаре дорад. Ин гурўҳҳо муқобили арзишу дастовардҳо, пояҳои ахлоқии ҷомеаи муосир, илму маориф, технологияи пешрафта буда, баробарии ҳуқуқи марду занро дар ҷомеа эътироф намекунанд.
пешина
аз 601
навбатӣ