ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Ҷонибдорони ақоиди атеизми ҷанговар. Ин гурўҳҳо баръакс дину мазҳабро иллати асосии оқибмонии ҷомеа талаққӣ намуда, муқобили ҳамагуна таълимоти динӣ қарор доранд.
- Ҷонибдорони сиёсати арзишҳои либералӣ. Тарафдорони ин равия арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оини аҷдодӣ, арзишҳои суннатии оиладорӣ ва сарҳади ахлоқро инкор мекунанд.
Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, дар бештари кишварҳои пасошўравӣ барои фаъолияти диниву мазҳабӣ ва озодии эътиқод заминаҳои мусоид фароҳам омад.
Вале мутаассифона, дар радифи ин озодиҳо, аз ҷумла дар кишвари мо гурўҳи аввале, ки дар боло зикраш рафт, яъне қувваҳои муртакиби арзишҳои иртиҷоии динӣ низ ҷон гирифтанд ва фаъол гардидани онҳо дар ҳаёти ҷомеа боиси даргириҳои бемантиқ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Тавре ки дар боло зикр намудем, ин гурўҳҳо ба ҷуз андешаву афкори манқуртии худ, дигар арзишҳоро билкул эътироф намекунанд. Илму дониш, маърифат барои онҳо бегона буда, барномаи фаъолияташон низ бар нақлу ривоёти мазҳабӣ маҳдуд шудааст ва мехоҳанд аз ин зовия барномасозӣ кунанд.
Чанде қабл дар яке аз мулоқотҳо аз Далай-ламаи XIV, пешвои рўҳонии буддоиёни Тибет, вобаста ба қазияи Шарқи наздик суол карданд, ки дар бораи мусулмонон чӣ андеша дорад. Далай-лама дар посух гуфт: «Агар манзури Шумо ДИИШ ва дигар гурўҳҳои радикалӣ бошад, онҳо мусулмон нестанд, балки душмани исломанд. Ман дар маҳаллаи мусалмоннишин бузург шудаам ва аз таълимоти ислом низ то андозае огоҳам. Мусалмонони одӣ мардуми таҳаммулпазир, меҳрубон ва аз ҷангу хушунат безоранд».
Тасаввур кунед, агар чунин суол дар бораи таълимоти буддоӣ ба яке аз рўҳониёни мо ирсол мешуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё