ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бегумон буддоиҳо мардуми такфирӣ, бедин ва душмани Худо муаррифӣ мешуданд. Чунки дар тафовут аз Далай-лама аксарияти рўҳониёни мо на танҳо китобҳои муқаддаси дину мазоҳиби дигарро ба даст нагирифтаанд, ҳатто аз илму фарҳанги тамаддунофари миллати худ огоҳ нестанд.
Имрўз мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мешавем, ки теъдоде аз гурўҳҳои дар боло зикрашон рафта, дар амри маъруфашон ҳатто ибтикори неку маъсум ва истеъдоди худододи тифлаконеро, ки расм мекашанд, суруд мехонанд, мусиқа менавозанд куфр эълон мекунанд ва ё гурўҳи дигаре аз сафи атеистони ҷанговар, эҷодиёти ниёгони бузурги моро мисли Фаридаддини Аттору Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки бо офаридаҳои худ дар тамаддуни башарият саҳми назаррас гузоштаанд, мазаммат менамоянд. Оё ин идеологияҳои оштинопазир мағзҳои аз таассуб, яъне фанатизм заҳролудшуда метавонанд, миллати моро муттаҳид созанд ва ба роҳи рост ҳидоят намоянд?
Ба гумон…
Идеяи либерализми ғарбӣ солҳои охир имкон дод, ки теъдоди чунин гурўҳҳои мутаассиб, бахусус, моил ба таълимоти исломи радикалӣ дар кишварҳои Аврупо афзоиш ёбад. Дар натиҷа, гурўҳҳои мазкур аз ин фазои мусоид сўистифода намуда, нуфузи бештаре пайдо карданд ва билохира ба принсипҳои бунёдии ҷомеаи Аврупо таҳдид намуданд. Имрўз аврупоиҳо алайҳи чунин ҳаракатҳои динии радикалӣ муборизаи шадид мебаранд, вале мояи ҳайрат ин аст, ки маҳдуд кардани фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳо дар кишвари мо, то ҳанўз дар доираҳои сиёсии кишварҳои ғарб, ҳамчун нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон талаққӣ мешавад.
Ин муносибати стандартҳои дугона моро талқин менамояд, ки ба хотири оромии фазои сиёсии кишвар ва якпорчагии марзу буми худ, роҳи рушди худро интихоб намоем, ки ба идеологияи сиёсии давлат, арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва маънавии мо такя хоҳад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё