Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин росто саҳми идеологияи ягонаи миллӣ хеле муҳим буда, дар бунёди давлати мо нақши калидӣ дорад.
Олами Ғарб имрўз худро муқобили ҳама гуна равишҳои идеологии миллӣ ва ҷонибдори арзишҳои либералӣ муаррифӣ намуда, аз дигар кишварҳои ҷаҳон низ тақозо менамояд, ки ин арзишҳоро эътироф намоянд.
Вале тасаввур намоед, оё мо метавонем нисбати масъалаҳое мисли ҳамҷинсгароӣ дар ҷомеаи худ таҳаммулпазир бошем ва ё баръакс, баъд аз муборизаҳои тўлонӣ боз ба таассуби асримиёнагӣ, ки ҷаҳолат бар илм ғолиб буд, баргардем. Гумон мекунам ҳаргиз не!
Аврупое, ки имрўз бо арзишҳои либералии худ ифтихор дорад ва таърихи демократияи худро бо мизони садсолаҳо андоза мекунад, ба ин демократия ва озодии мояи ифтихораш тавассути муқобилияти шадид бо таассуби динӣ, ки ба унвони католитсизми радикалӣ ва хунбор шуҳрат дошт, расидааст. Таърихи башарият инквизитсияи калисои католикиро, ки бо баҳонаи юриш алайҳи «дини поки Масеҳӣ» садҳо ҳазор мардуми озодандешро бо даҳшатангезтарин васила эъдом кард ва ҳазорон рисолаҳои илмиву кашфиётҳои нодирро ба коми оташи ҷаҳолат афканд, ҳаргиз фаромўш намекунад.
Дар қуруни вусто, дар кишварҳои Аврупо давлат, маориф, тиб, фарҳанг зери назорати рўҳониёни мазҳаби католикӣ қарор доштанд. Тамоми кишварҳои Аврупо аз ҷониби Ватикан ва Папаи Рим идора мешуд. Танҳо баъд аз муборизаҳои чандасраи тўлонӣ, баъд аз даврони Эҳё (эпоха Возрождения), ки ба унвони идеяи Ренессанс шуҳрат дошт, мардуми Аврупо имкон пайдо намуданд, то аз асорати мазҳабии асримиёнагӣ раҳо ёбанд ва давлат, илму маориф, фарҳангро аз чанголи дин наҷот бахшанд.

пешина
аз 601
навбатӣ