Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба тарҳи Аврупои имрўза, ки орӣ аз таассубу радикализм аст, Петрарка ва Бокаччо - асосгузорони ҷаҳонбинии нав, Мор ва Кампанелла - поягузорони коммунизми утопиявӣ, Мирандола ва Алберти- таблиғгарони шаъну манзалати инсонӣ, Эразм Роттердамский, Макиавелли, Коперник- мубаллиғони арзишҳои башардўстона замина гузоштаанд. Давраи «Эҳё» дар Аврупо ба шарофати осори арзишманди ин нобиғаҳои раҳнамо, ки дар эҷодиёти худ «инсон»-ро фарози ҳамаи дигар арзишҳо гузоштанд, фаро расид. Ин як насими рўҳбахше буд, ки бо нафаси тозаи худ санъат, илм ва фалсафаи дар асорати дин қарор доштаро умри дубора бахшид ва ба хизмати «инсон» вогузошт.
Пас имрўз олами Шарқро низ, ки бо чеҳраи нави католитсизми таассубӣ, яъне радикализми исломӣ дучор шудааст, метавонад танҳо илм, маориф, технология, ҳунар ва санъати асил наҷот бахшад. Вале афсўс, ки садои Петраркаву Коперникҳои шарқӣ, ки рисолаташон раҳнамоии мардум бо нури илм ва маърифат аст, ба гўш намерасад.
Гузашта аз ин, ҷаҳони Ғарб, ки худ бо ҷонбозиҳои зиёд аз асорати таассубу радикализми динӣ раҳо ёфтааст, баръакс имрўз ҳамин нерўҳои мутаассиб ва радикалиро дар кишварҳои мусалмонӣ таҳрик медиҳад, ки мояи ҳайрат аст.
Чанде қабл дар як суҳбат муҳаққиқи чиние сабаби то ҳанўз аз ҷониби ягон кишвар мавриди шикаст ва тасаллут қарор нагирифтани кишварашро чунин шарҳ дод: «Мардуми Чин ҳам пайрави таълимоти атеистӣ ва ҳам муътақиди дину мазҳаби гуногунанд. Вале мо то ба ҳадде таҳаммулпазирем, ки аз тамоми дину мазоҳиби суннатии чинӣ, чи буддоӣ, чи даосизм ва чи конфусианӣ беҳтарин арзишҳоро қабул кардем. Руҳи шикастнопазири мардуми чинӣ низ вобаста ба таълимоти ин адён аст, ки яке ҷасорату таваккалро талқин менамояд, дигаре сабру таҳаммул ва савумӣ илму андешаро.

пешина
аз 601
навбатӣ