Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Яъне дар муборизаҳои худ, гоҳо аз ҷасорату таваккал кор гирифтем, ҷои дигар сабру таҳаммулро пеша кардем ва фурсате расид, ки бар илму андеша такя кардем».
Вале бубинед, дар олами Ислом бо вуҷуди пайраву муътақиди як дин будан, тафриқаву низоъ то ба ҷое кашидааст, ки муъмин ба сари муъмин бо иттиҳоми муртаду такфирӣ будан теғ мекашад.
Имрўз дар баъзе кишварҳои Шарқи Наздик пояи ин ҷаҳолат то ба ҳадде нуфуз кардааст, ки ҳатто дар асри миёна олами ислом аз ин таассуб фарсахҳо дур буд. Вагарна ин «ДИИШ», «Ихвон-ул-муслимин», «Ҷабҳат-ан-нусра»- ву «Ал-Қоида»-ҳо имкон медоданд, ки нобиғагоне мисли Ал-Хоразмӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Закариёи Розӣ ва Ибнал-Ҳайсам, ки ба рушди илми муосир замина гузоштаанд, озод нафас кашанд? Ба гумон…
Агар мо назаре ба адабиёти асили ниёгон афканем, ба дурустӣ дарк хоҳем кард, ки бузургони мо низ дар баробари файласуфони олами Ғарб ва шояд пештар аз онҳо ҳақиқат, имон, виҷдон ва билохира инсонро фарози ҳама гуна баҳсҳои бемантиқи диниву мазҳабӣ мегузоштанд, ки имрўз мутаассифона ҷаҳони ислом дар ин мурдоб муғриқ аст. Чунки ҳадаф аз ин талошҳои бемаънии шайхҳову охундҳову муллоҳо дар ҳар замон ба ҷуз аз низову нифоқ андохтан миёни мардум ва бад-ин минвол соҳиби ҷоҳу мол шудан набудааст.
Яке аз шоирони шўрида ва орифони шефтаи адаби форсӣ Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки мусалмону габру яҳуд бузургии ўро эътироф мекарданду ба таълимоташ иродат доштанд, ҳанўз дар қарни XIII фармуда буд:
Ҳазорсола раҳ аст, аз ту то мусулмонӣ, Ҳазор соли дигар, то ба ҳадди инсонӣ!
Мавлоно Ҷалолиддин дар байти мазкур мартабаи «инсон»-ро болотар аз мансубияти динӣ мегузорад. Яъне то мусалмон шудани ту ҳазорсола раҳ бошад, барои инсони комил шудан, бояд ҳазор соли дигар талош кунӣ.

пешина
аз 601
навбатӣ