ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳаким Саноии Ғазнавӣ аз бедодгариҳои аҳли зуҳд ва тақвои замони худ, ки ба зоҳир мусалмону дар асл бедину имон буданд, шикоят мекард:
Мусулмонон, мусулмонон, мусулмонӣ, мусулмонӣ,
Аз ин оини бединон пушаймонӣ, пушаймонӣ.
Мусулмонӣ кунун исмест бар урфеву одоте,
Дареғо, ку мусулмонӣ, дареғо, ку мусулмонӣ?
Лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз алайҳи ҳама гуна хушунату низоъҳои мазҳабӣ эътироз намуда, байни иродатмандони адёни мухталиф фарқ намегузошт:
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст.
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.
Ва ҳамин маъниро ҳанўз ду қарн қабл аз Хоҷа Ҳофиз,
Аттори Нишопурӣ хеле бо лаҳни латиф ифода карда буд:
Соликонро бин ба даргоҳ омада,
Ҷумла пуштопушту ҳамроҳ омада.
Ҳаст бар ҳар зарра даргоҳи дигар,
Пас зи ҳар зарра бад-ў роҳи дигар.
Ту чӣ донӣ бо кадомин раҳ равӣ,
Бо кадомин раҳ бад-он даргаҳ равӣ?
Ин чанд мисоле, ки аз осори бузургон овардем, оё низову тафриқаангезии адёну мазҳабро мазаммат намекунад ва ё баръакс аз тарғиби таҳаммулпазириву афзалият доштани арзишҳои дунявӣ дарак намедиҳанд?
Дар асъори миллии ИМА- доллар навишта шудааст:
«Мо ба Худо бовар дорем» (In God We Trust). Навиштаҷоти мазкур беҳуда нест. 96% мардуми ИМА ба дину мазоҳиби мухталиф эътиқод дошта, танҳо 4%-и онҳо худро атеист мешуморанд. Вале бубинед, ки амрикоиҳо дар ҷомеаи худ ба ягон дин ва ё мазҳаб бартарият намедиҳанд ва ба эътиқоду ақоиди якдигар хеле таҳаммулпазиранд. Магар ин сирри пешравӣ ва тараққиёти бемисли ИМА нест, ки бо низоми дунявии худ ба яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ бузургтарини ҷаҳон табдил ёфтааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё