Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Файласуфи маъруфи ҳиндӣ Ошо (Чандра Моҳан Ҷейн) мегўяд: «Барои бозгашт ба гузашта ва замина гузоштан ба оғози дуруст дер шудааст, вале барои қадами устувор гузоштан ба оянда ва замина гузоштан ба фарҷоми дуруст, ҳанўз дер нест». Мо бояд таърихи худ, гузаштаи худро фаромўш накунем, аз он ифтихор намоем, вале бояд бо дарназардошти воқеияти имрўза, фардои худро бисозем.
Ҳамин гуна як идеологияи фарогири сиёсӣ, ки омили муттаҳидкунанда ва ҳамгироии миллати мост, дар тамоми баромадҳои сиёсии Роҳбари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшан ба назар мерасад ва зарурат ба ихтироъ ва таҷдиди он нест. Яъне, мо бояд аз илму технологияи инноватсионии муосир бархурдор бошем, насли ҷавонро дар рўҳияи таҳаммулпазирӣ, омўзиши забон ва фарҳанги миллатҳои мутараққии ҷаҳон тарбия кунем ва дар айни замон ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳанги маънавии худ арҷ гузорем. Ба нуфузи гурўҳҳои ифротие, ки мехоҳанд танҳо аз зовияи мафкураи тангу маҳдуди худ ҷомеасозӣ кунанд, роҳ надиҳем.
Тавре ки дар оғози мақола зикр намудем, башарият танҳо дар натиҷаи муборизаҳои тўлонӣ муваффақ шудааст, ки завлонаи ҷаҳолату таассубро бишканад ва аз асорати он раҳоӣ ёбад. Чанд иқтибосе, ки дар матлаби худ аз осори гаронмояи бузургони ҷаҳон овардем, далели муборизаи оштинопазири илму маърифат бо таассубу ҷаҳолат аст, ки дарозои қарнҳо идома ёфтааст. Дар ин муборизаи шадид, замоне, ки илму маърифат бар ҷаҳлу таассуб ғолиб омадааст, давлатҳо ва миллатҳо рушд кардаанд, вале ҷое ки ҷаҳолату таассуб ҳукмфармо будааст, фитнаву ошўб бархостааст.

пешина
аз 601
навбатӣ