Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вақте ки дар ҷомеа пайравони як дин, як мазҳаб ва ё як ҷараён мехостанд, ҳокимияти мутлақро соҳиб шаванд, ҳамеша ба муқобилияти шадиди мардуме, ки андешаву афкори дигар доранд, дучор мешуданд. Ин амали ногузир боиси ташаннуҷи авзои ҷомеа мегардид, ки мисоли равшани он имрўз дар кишварҳои Шарқи Наздик ба мушоҳида мерасад.
Пас дар шароити мо ягона роҳи дуруст, ки метавонад оромиву амнияти ҷомеаро таъмин намояд, ин таҳкими пояҳои давлатдории дунявист, ки дар он дин аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон дин, мазҳаб ва ҷараён тарҷеҳ дода намешавад. Танҳо дар низоми дунявӣ баробарии дину мазҳабҳо ва ё дигар ҷараёнҳо таъмин гардида, шаҳрвандон дар интихоби худ озоданд ва дар ҳоли таҳдид накардан ба амнияти давлатӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, давлат онҳоро зери ҳимояи худ қарор медиҳад.
Душанбе, феврали с. 2017

ДУРАХШОН БОД ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Чархи таърих дар аснои гардиши абадии худ ба халқҳо ва давлатҳои ҷаҳон гоҳе пирўзиҳо ва гоҳе нокомиҳо ба бор меоварад. Бар асари чунин таҳаввулот давлати муқтадири Сомониён пас аз 180 соли пойдориву шукўҳмандӣ соли 999 аз саҳнаи ҷаҳон нопадид гашт ва пора-пора гардида, сарнавишташ ба дасти бегонагон афтод.
Тоҷикон аз аввалин давлати миллии худ, ки дар дунёи он замон ғулғула андохта буд, абадӣ маҳрум гаштанд.
Давлати овозадору шўҳратёри Сомонӣ дар уфуқи таърих ба таври ҳамеша фурў рафт.

пешина
аз 601
навбатӣ