Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пас аз сипарӣ гаштани силсилаи садсолаҳо чархи гардун аз нав бар муроди тоҷикон гашт. Рўзи 9 сентябри соли 1991 хуршеди замоне фурў рафтаи давлату истиқлоли тоҷикон аз самти дигаре тулўъ намуд ва бо чеҳраи нурбораш кўҳу дамани моро равшан кард. Аммо дареғо, ки истиқлоли пас аз ҳазор сол ба мардуми тоҷик армуғон овардаи таърих дар вартаи бало ва гирдоб афтод. Боз таърих такрор шуд, боз он ҳама моҷарову гирудорҳое, ки дар айёми туфулияти давлати Сомонӣ бар сараш фуруд омада буд, аз нав зинда гашт ва чун шамшери хунин бар сари истиқлоли Тоҷикистон, ки дар ҳукми кўдаки навзоде буд, муаллақ монд. Бори дигар масъалаи ҳастӣ ва ё нестии миллати тоҷик дар баробари таърих қарор гирифт ва тақдири истиқлоли навини он дар сари мўе муаллақ монд.
Мамлакати тинҷу оромро туғёни тундравию ифротгароиҳо фаро гирифт ва мавҷи он то рафт шиддатноктар ва харобиовартар мегашт.
Доираҳои табаҳкор ва кинаҷўву бадандешу тирадил талош мекарданд, ки бо роҳи барангехтани низоъҳо, найрангҳои сиёсӣ ва ба сари мардум таҳмил намудани мазҳабу фарҳанги бегона ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ Тоҷикистонро ба хоку хун кашанд. Пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба майдони тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои беохир ва зўроварию хунрезӣ табдил ёфт. Амалу рафтор ва кирдори майдондорон бар он шаҳодат медод, ки онҳо бар асоси нақшаҳои дар хориҷ аз кишвар тарҳрезӣ гардида, амал намуда, нақшаҳои шумашонро бо роҳи зўрӣ ба сари халқи бофарҳанги тоҷик бор кардан мехостанд. Вазъи сиёсиву амниятӣ дар пойтахт то рафт хатарноктар ва печидаву бўҳронӣ мегашт. Кўчаҳо аз мардум холӣ гардида, шомгоҳон пойтахт ба шаҳри мурда табдил ёфта, мардум аз ваҳму ҳарос аз манзилҳояшон берун намеомаданд.

пешина
аз 601
навбатӣ